Истиқлол ва рушди соҳаи маориф
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 150
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маориф ҳамеша дар мадди аввал буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доиман мавриди дастгирию ғамхориҳо қарор дорад.
Ин аст, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон гардида, нисбат ба рушд ва пешрафти он пайваста таваҷҷуҳи махсус равона мегардад. Дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ бо гузоштани қадамҳои устувор соҳаи маорифи кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар самти беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва расидан ба натиҷаҳои назаррас аз шароиту имконият вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола биноҳои наву замонавӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат қомат афрохта, синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар Паёми навбатии худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар ҷаласаҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳои корӣ ба манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон (рӯзи 25 майи соли 2024 дар ноҳияи Данғара) баҳри рушди босуботи соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, ҳамзамон дар рушди неруи инсонӣ ва тараққиёти давлат нақши калидӣ ва саҳми бевосита доштани кормандони соҳаро таъкид карда, дар назди масъулин баҳри амалӣ гардидани қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияҳо ва консепсияҳо дастуру супоришҳо қатъӣ доданд, ки дар самти рушди соҳаи маориф дар вилояти Хатлон таъсири ба-ланд расонид. Бахусус, дар солҳои охир хонандагону омӯзгорони вилоят ба натиҷаҳои баландтарин даст ёфтанд.
Дар шаҳру ноҳияҳо 32 иншооти соҳаи маориф до-рои 213 синфхона барои 5325 ҷойи нишаст дар як баст ва дар ду баст барои 10650 ҷойи ни-шаст сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, зиёда аз 165 иншооти соҳаи маориф иборат 1137 синфхона бо фарогирии 28425 ҷойи нишаст дар 1 баст ва дар 2 баст 56850 ҷойи нишаст корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Боиси хушнудист, ки бо дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи эҳтиёҷмандон аз қабили кӯдакону наврасони ятим ва фарзандони оилаҳои кам-бизоат муассисаҳои интернатӣ таъсис дода шуда, бо шароити зарурӣ таъмин гардидаанд. Дар соли таҳсили 2023 – 2024 муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумии вилоят ба 32371 ком-пютер, 4965 принтер, 1487 тахтаи электронӣ ва 1856 проектор таъмин мебошад. Ҳамзамон, дар нимсолаи якуми соли равон 1290 компютер, 151 адад тахтаи электронӣ, 169 проектор ва 188 принтер харидорӣ карда шудааст.
Квотаи президентӣ яке аз беҳтарин имтиёз барои насли наврас мебошад. Дар соли таҳсили 2023-2024 даври ниҳоӣ аз 295 ихтисоси ҷудогардидаи ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва 244 их-тисоси ҷойҳои ҷудогардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, ки дар маҷмуъ 539 (276 духтар, 263 писар) нафар довталабро ташкил ме-кард, тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ қабул карда шуданд, ки нақшаи қабул бо пуррагӣ иҷро гардид.
Дар партави ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як қатор тадбирҳои ғамхорона, аз қабили ҷоизаи вилоятии «Соҳибватан», ҷоизаи вилоятии «Омӯзгори ифтихории Хатлон», «Дар бораи сарфароз гардонидан ба мукофоти пулӣ» оид ба ҷоизаи вилоятии «Парчами сайёри Ғолиб» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 марти соли 2016, №67 «Дар бораи таъсиси ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф» ташкил карда шудааст, ки омӯзгор ва ҳамаи кормандони соҳаи маорифро руҳбаланду ҳавасманд менамояд. “Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон” барои кормандони соҳаи маориф, стипендияи раиси вилояти Хатлон барои 70 нафар хонандагони болаёқат, бо маблағи 3000 сомонӣ қадрдонӣ шудани директори муассисаи таълимӣ ва 10000 сомонӣ ҳар хонандае, ки синфи 11-ро бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра хатм менамояд, дастгирии кормандони соҳаи маориф, ки ба унвони номзад ё доктори илм мушарраф гардидаанд (аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ) аз тадбирҳое мебошанд, ки барои рушди соҳа ва сифати таҳсилот таъсир расонида, давоми 2-3 сол боз роҳандозӣ карда мешаванд.
Ин буд, ки сифати таҳсилот тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои бештар ноил гардида истодаанд. Дар соли таҳсили 2023 - 2024 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ зиёда аз 1353 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят иштирок намуда, 541 нафар хонандагон соҳиби медалҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз он 14 медали тилло, 52 медали нуқра ва 475 медали биринҷиро ташкил медиҳад.
Хуллас, дар ҳамаи самтҳо дастовардҳои пайдарпайи соҳаи маорифро мушоҳида намудан мумкин мебошад. Аз ҷумла, гирифтани шоҳҷоизаи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Тоҷикон - оинаи таърихи миллат”, “Мавлонохонӣ”, “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Омӯзгори соли Тоҷикистон” дар солҳои охир гувоҳи гуфтаҳои болост.
Дар умум дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 1361 нафар хонандагон иштирок намуда, 446 медал ба даст оварданд, ки нисбати соли гузашта 61 медал зиёд мебошад. Аз ҳисоби озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ 26 аттестати аъло гирифтанд. Инчу-нин, соли ҷорӣ даври ниҳоии Форуми “Омӯзгори навовар” аз вилояти Хатлон омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 шаҳри Бохтар Ҳусейн Юлдо-шев иштироки фаъолона на-муда, сазовори ҷойи аввал гардид.
Зиёдулло АБДУЛЗОДА,
сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00