Рушди варзиши тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 103
33 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушду инкишофи варзиш дар вилояти Хатлон нақши муассир гузошт. Дар ин муддат варзишгарони хатлонӣ тавонистанд дар рақобатҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷасорату малакаи худро нишон дода, натиҷаҳои хуби варзиширо ба даст биоваранд.
Яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи варзиш дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ин бунёди иншооти варзишӣ, шароити хуб барои машқу тамрин, толорҳои наву замонавӣ, ки барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш, оммавӣ гардидани он ва аз ҳама муҳим, барои ҷалби васеи ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш мусоидат мекунад. Дар ин давраи бисёр ҳам муҳим варзишгарони мо тавонистанд, ки аз худ малакаву маҳорати зиёд нишон дода, дар парафшонии Парчами давлатӣ саҳм гузоранд.
Агарчи дар 70 соли даврони Шуравӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 26 варзишгоҳ, 1128 майдончаи варзишӣ, 284 то-лори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмааи варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ ва 8 ҳазору 86 нафар варзишгар буд, имрӯз ин нишондод ба маротиб рушд карда, то ба ҳамин давра теъдоди варзишгоҳҳо ба 40 адад, майдончаҳои варзишӣ ба 3196 адад, толорҳои варзишӣ ба 574 адад, ҳавзҳои шиноварӣ 38 адад, маҷмааи варзишӣ 11 адад, мактабҳои варзишӣ 37 адад ва дигар иншооти махсуси варзишӣ ба 231 адад расидааст, ки ин шумора аз даврони тинҷу мулки обод гувоҳӣ медиҳад.
Дастовардҳои варзишгарон ва таъмини шароити хуби корию тамрин аз сиёсати варзишпарварона ва дастгириҳои Асос-гузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Қобили қайд аст, ки шумораи машқварзон аз ҳисоби ҷавонон дар вилояти Хатлон дар ин муддат афзоиш ёфт. Ҳоло дар толору маконҳои варзишии вилоят дар 1392 гурӯҳ 18396 нафар машқварзон ба варзиш ҷалб гардидаанд, ки аз ин теъдод 2597 нафарашонро бонувон ташкил медиҳад. Ёдовар бояд шуд, ки то солҳои 1991 теъдоди ками бонувон ба варзиш ҷалб карда мешуданд, зеро шароити тамрин барои бонувон кам буд ва ё умуман вуҷуд надошт. Имрӯз бошад, бо шарофати Истиқлол имконият фароҳам шуда, бонувон метавонанд дар толорҳои варзишӣ тамрин кунанду дар баланд бардоштани Парчами давлатӣ саҳми худро гузоранд.
Агар то соли 1991 шумораи умумии мураббиён дар вилоят 354 нафарро ташкил медод, имрӯз ин теъдод ба 683 нафар расидааст, ки онҳо барои баланд бардоштани нуфузи кишвари маҳбубамон шогирдонро дар руҳияи баланди касбӣ тарбия кард истодаанд.
Тибқи таҳлилҳо маблағгузории соҳаи варзиш танҳо дар солҳои 2010-2024-ум 8 баробар афзоиш ёфта, қабули “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Барномаи рушди фут-бол” дар ду марҳила барои пешрафти кори соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Варзишгарони вилояти Хатлон дар давоми 8 моҳи соли 2024 дар 95 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар ҳайати 1443 нафар варзишгар, аз ин 493 нафар бону ишти-рок намуданд ва ба гирифтани 459 медали тилло, 354 медали нуқра ва 515 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Инчунин, дар чемпионат ва мусобиқаҳои байналмилалӣ бо иштироки 138 варзишгар, аз ҷумла 23 бону ба 19 чорабинӣ сафарбар гардида, дар натиҷа ба хазинаи варзишии вилоят 18 медали тилло, 17 нуқра ва 37 биринҷӣ ворид намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки дар марҳилаи вазнину мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки таҳдиду хатарҳои глобалӣ ҷаҳонро думболагир аст, мардуми Тоҷикистон мебояд бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёдкорӣ камари ҳиммат баста, дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёди зиёда аз 590 иншоот танҳо дар самти варзиш ба истифода дода шуд.
Дар нақша ҳаст, ки барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилоят барои таъмини шароити боз ҳам созгор ва оммавӣ гардонидани бунёди даҳҳо иншооти дигари соҳаро ба роҳ монда, ин идро сазовор пешвоз мегирем.
Дилшод МАДАЛИЕВ,
сармутахассиси бахши варзиши
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...