Парчамбардорони Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 109
Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 1996 дар Бозиҳои олимпии тобистонаи Атланта (ИМА) соли 1996 ширкат варзиданд.
Феълан Тоҷикистони соҳибистиқлол 7 медали олимпӣ дорад – 1 тилло, 1 нуқра, 5 биринҷӣ. Медали тилло ба Дилшод Назаров (варзиши сабук), медали нуқра ба Юсуф Абдусаломов (гӯштин), медалҳои биринҷӣ ба Расул Боқиев, Темур Раҳимов, Самон Маҳмадбеков (ҷудо) ва Мавзуна Чориева, Давлат Болта-ев (бокс) мутааллиқанд.
Дар ин робита тасмим гирифтем, варзишгароне, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар Бозиҳои олимпӣ иштирок намуда, соҳиби медал шудаанд, ёдовар шавем.
ПЕКИН-2008 (ЧИН), 08-24 АВГУСТ
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олим-пии Пекин 15 нафар ширкат намуда, сазовори 2 медал – 1 нуқра, 1 биринҷӣ гаштанд.
РАСУЛ БОҚИЕВ дар замони соҳибистиқлолӣ аввалин медали олимпиро ба Тоҷикистон дар намуди дзюдо (-73 кг) овард. Паҳлавони шинохтаи тоҷик соли 2008 дар Бозиҳои олимпии Пекин дар вазни -73 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.
Ӯ, ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2007, Рио-де-Жанейрои Бразилия), медали биринҷии Бозиҳои Осиё (2010, Гу-анжоуи Чин), медали нуқра ва ду медали биринҷии Чемпионати Осиёро ба даст оварда, се маротиба ғолиби Ҷоми ҷаҳон гардидааст. Расул Боқиев бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2008 бо мукофоти давлатӣ — Ордени Шараф дараҷаи I қадрдонӣ гардидааст.
ЮСУФ АБДУСАЛОМОВ дар намуди гӯштини озод (-84 кг) соли 2008 дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Пекин сазовори медали нуқра гардид. Ӯ аз зумраи он варзишга-роне мебошад, ки аз соли 2002 то 2012 дар бонуфузтарин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ зери Парчами Тоҷикистон баромад мекард. Ӯ дар се Бозии олимпӣ - Афина - 2004, Пекин - 2008 ва Лондон - 2012 Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст. Ин паҳлавон дар давоми фаъолияти варзи-шиаш барои Тоҷикистон аввалин медали тиллои Чемпионати Осиё (аз намуди гӯштини тарзи озод соли 2003), медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ (соли 2002), медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон (соли 2007) ва медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин (2008)-ро овардааст.
ЛОНДОН-2012 (БРИТАНИЯ), 25 ИЮЛ– 12 АВГУСТ
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон 16 нафар намояндагӣ дошт, ки варзишгарони мо соҳиби 1 медали биринҷӣ гаштанд.
МАВЗУНА ЧОРИЕВА соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон, дар намуди бокс (вазни -60 кг) сазовори медали биринҷӣ шуд. Ӯ, ҳамчунин медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон (2012, Син-хуандаои Чин), медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Чемпионати Осиёро сазовор гардидааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 бо мукофоти давлатӣ - Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардидааст. Устоди хизматнишондодаи варзиши Тоҷикистон мебошад.
РИО-ДЕ-ЖАНЕЙРО-2016 (БРАЗИЛ), 5-21 АВГУСТ
Дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро 7 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, сазово-ри 1 медали тилло шудаанд.
ДИЛШОД НАЗАРОВ гурзандози маъруфи тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимӣ дар Бразилия медали тилло ба даст овард. Ин бори нахустин аст, ки дар даврони Истиқлол як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ мешавад.
Мусобиқоти ниҳоии Дилшод шаби 19-уми август дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шуруъ шуд ва Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дода аз рақибонаш пеш гузашт.
Ӯ барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон дар соли 2015 дар Пе-кин, ғолиби Бозиҳои Осиё дар солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони сека-ратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни нав-расон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.
ПАРИЖ-2024 (ФАРОНСА), 26 ИЮЛ- 11 АВГУСТ
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Па-риж 14 нафар ширкат намуда, сазовори 3 меда-ли биринҷӣ гаштанд.
СОМОН МАҲМАДБЕКОВ, паҳлавони маъруфи тоҷик, бо шикаст додани варзишгари итолиёӣ Антонио Эспозито соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса шуд.
Сомон Маҳмадбеков, баран-даи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Фарес Бадавии фаластиниро шикаст дод.
Ӯ дар даври сеюм бар Франк Де Вит аз Ҳолланд пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Сомон дар чорякфинал аз қаҳрамони се-каратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуд.
Маҳмадбеков муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар паҳлавони ӯзбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Сомон дар рақобати ҳалкунанда барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ дастболо шуд.
ТЕМУР РАҲИМОВ, паҳлавони шинохтаи тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар мусобиқоти ҷудо дар вазни сангинтарин медали биринҷӣ ба даст овард.
Темур Раҳимови 27-сола дар Олимпиадаи Порис рӯзи 2-юми август дар мусобиқоти ҷудо дар ваз-ни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Эрик Абрамови 25-соларо аз Олмон шикаст дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар чорякфинал Раҳимов паҳлавони ӯзбекистонӣ Алишер Юсупови 25-соларо дар “замони тиллоӣ” (golden skore) мағлуб кард.
Вале Темур дар даври ниманиҳоӣ аз ғолиби секаратаи олимпӣ ва қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Тед-ди Ринери 35-солаи фаронсавӣ дар муддати кӯтоҳ бо имтиёзи “иппон” шикаст хӯрд.
Сипас, паҳлавони тоҷик барои медали биринҷӣ варзишгари 32-сола, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2022 Энди Грандаро аз Куба мағлуб кард ва бори аввал соҳиби медали биринҷии олимпӣ гардид.
ДАВЛАТ БОЛТАЕВ, муштзани 25-солаи тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Парижи Фаронса дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Болтаев дар рақобати аввалинаш бар Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, дар даври чорякниҳоӣ Ҷек Марлии 21-соларо аз Ирландия бо ҳисоби 4:1 шикаст дод ва ба нимфинал баромад. Ӯ рӯзи 4-уми август дар даври ниманиҳоӣ аз муштзани Ӯзбекистон Лазизбек Муллоҷонов шикаст хӯрд ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гашт.
Давлат Болтаев, ки бори аввал соҳиби медали олимпӣ шуд, соли 2022 ба унвони қаҳрамони бокси Осиё дар байни ҷавонони синнашон то 22-сола даст ёфт. Моҳи майи соли 2023 дар мусобиқаи бокси ҷаҳон то даври чорякниҳоӣ расид ва моҳи октябри ҳамон сол дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар мусобиқоти бокс дар вазни то 92 кило ғолиб гардида, аз байни варзишгарони тоҷик яке аз нахустинҳо шуда, ба Олимпиадаи Порис роҳхат гирифт. Давлат Болтаев баъди 12 сол дастоварди Мавзуна Чориеваро дар Бозиҳои олимпӣ такрор кард.
Ф. БОБОЕВ, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00