Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дониши ҳуқуқӣ - ҷузъи касбият


Дониши ҳуқуқӣ - ҷузъи касбият




Ташаккули мафкураи ҷомеа, хосса маърифати идеологӣ ва ё сиёсӣ дар ҳама давру замон мубрам боқӣ мемонад. Ҳар як шаҳрванди ҷомеа бояд дониши сиёсиву ҳуқуқӣ дошта бошад. Дар бораи ҳокимият, ҳизбҳо, сохтори қонунбарори кишвари худ маълумот дошта, дар ин раванди рушди ҷомеа фаъолона ширкат варзад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо рукнҳои давлатдорӣ дар тӯли 33 сол ташаккул ёфта, барои бо мароми демокративу ҳуқуқбунёд будан пеш меравад.

Дар маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ғайр аз ҳуқуқшиносон, инчунин воситаҳои ахбори омма низ саҳми бориз мегузоранд. Яке аз рисолати журналистика, ба ғайр аз пешниҳоди иттилооти аҳамияти ҷамъиятдошта, сареъ ва воқеънигорона, пешниҳоди маълумоте ба ҳисоб меравад, ки мардум ба он ниёз доранд. Анъанаи ташкили гӯшаи махсуси матбуотии машварати ҳуқуқшиносон, барномаҳои радиову телевизионӣ доир ба маърифати ҳуқуқӣ бо пешбурди кори идеологӣ иртибот дорад.

Азбаски журналистика натанҳо инъикоскунандаи ҳаёти сиёсии ҷомеа, балки таҳрикдиҳандаи андешаи сиёсии одамон мебошад, ин масъала дар омода кардани мутахассисони соҳаи ВАО низ муҳим арзёбӣ мегардад. Аз омодагии корманди ВАО дар бозтоби мавзуъҳои сиёсат ва ҳуқуқ, тарзи пешниҳоди матолиб, дарки мухотабон, тасаввуроти онҳо дар бораи ин паҳлуи ҳаёти ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Худи журнилист бояд ин масъалаҳоро хуб донад, сарфаҳм равад ва мавқеи шаҳрвандӣ дошта бошад.

Эҷоди маводи журналистӣ дониши сиёсиву ҳуқуқӣ ва инъикоси дурусту беғаразонаро тақозо мекунад. Дар замони муосир, ки ҳифзи манфиатҳои миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим аст, таваҷҷуҳи кормандони ВАО-ро ба аркони давлатдорӣ, танзими ҳуқуқии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардум, қонунписандии шаҳрвандон бештар ҷалб менамояд.

Чанд сол пеш дар кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Н. Хусрав зимни пешниҳоди фанҳои элективӣ (интихобӣ) барои донишҷӯёни курсҳои боло тадриси журналистикаи парламентиро мувофиқ донистем.

Таҷрибаи таълими ин курс дар Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ба назар мерасад. Ҳоло ҳам олими журналистика О. Салимзода, роҳбари маркази иттилоотии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Султонов доир ба журналистикаи парламентӣ дарс мегӯянд. 

Аммо набудани китоби дарсӣ, маводи таълимӣ дар раванди таълим ҳам барои донишҷӯён ва ҳам барои устодон мушкилӣ эҷод мекунад. Истифода аз нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сомонаи он басанда нест. Таҳия ва нашри дастури таълимии Носирҷон Маъмурзода “Журналистикаи парламентӣ” аввалин кӯшиши ба тартиб овардани барномаи таълимии фан, мавзуот, усули таълими ин курс мебошад. Ин дастури хуб дар ҳаҷми 166 саҳифа, бо тавсияи Шурои илмӣ-методии ДДБ ба номи Носири Хусрав чоп шудааст. Ба он олимони соҳаи журналистика профессор М. Муродӣ ва дотсент С. Шарипов тақризи мусбат додаанд.

Китоби “Журналистикаи парламентӣ” дар бораи мафҳуми “журналистикаи парламентӣ”, таърихи пайдоиши парламент, заминаҳои таъсиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дар Тоҷикистон, фаъолияти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозтоби Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар журналистикаи тоҷик маълумот медиҳад. Иттилооти муфассал дар бораи сохтори Маҷлиси Олӣ ва палатаҳои он, кумитаву комиссияҳо, фраксияву гурӯҳҳои парламентӣ, ҳамкориҳои хориҷӣ ва байнипарламентӣ, мақом ва вазифаҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо барои журналистон, балки ҳар як шаҳрванд хеле муҳиманд.

Дар қисмати охири дастур ҳуқуқу уҳдадориҳои журналист ҳангоми интихобот, тавсияҳо барои рӯзноманигорони фаъолияти парламентиро инъикоскунанда шарҳ дода шуда, мавзуъҳо барои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, намунаи матнҳои ВАО доир ба ҳаёти парламенти кишвар, саволҳои тестӣ пешниҳод гардидаанд.

Матнҳо аз нашрияҳои “Садои мардум”, “Хатлон”, сомонаҳои интернетии ВАО интихобшуда, барои таҳлил ва омӯзиш мувофиқанд. Маълумоти навтарин дар бораи қабули ду қонуни нави миллӣ дар таҳрири нав ҷолиб буда, имкон медиҳад, ки тағйироти қонунҳо, яъне “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” дарк шуда, савияи дониши хонандагони нашрияи “Хатлон” барои амалӣ шудани онҳо дар ҳаёт мусоидат намояд.  Муаллифи дастур Н. Маъмурзода вижагии журналистикаи парламентиро дар пешниҳоди иттилоот, таблиғ, намояндагӣ, корпоративӣ, реклама, ҳуқуқӣ, ташаккули афкори ҷамъият дониста, бо дарназардошти махсусияти кори мақомоти олии қонунгузорӣ омода намудани мутахассисони ҳирфаии воситаҳои ахбори оммаро зарур мешуморад.

Воқеан, функсияи ҳуқуқии журналистикаи парламентӣ, ки дар бархӯрдҳои байни қонунгузорон ва ҷомеа, қонун ва инсон, номзадҳо ба вакилӣ ва интихобкунандагон ҳамчун додрас баромад мекунад, асосӣ мебошад.

Будани волоияти қонун дар давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, баланд шудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ширкати фаъолонаи аҳли ҷомеа дар қабул ва риояи қонунҳои ба тасвибрасида нишонаи пешравии ҷомеа мебошад.

Китоби “Журналистикаи парламентӣ” дар Соли маърифати ҳуқуқӣ муждаи некест ва метавонад ба афзун гардонидани дониши ҳуқуқиву сиёсии журналистони оянда, кормандони воситаҳои ахбори омма, омӯзгорони ихтисосҳои рӯзноманигорӣ нақши назаррас гузорад.

Ин барои иҷрои рисолати журналистӣ раҳнамои ҷолибу манфиатбахш хоҳад буд.

Дилором МАҲКАМЗОДА,
дотсенти кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба
номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода