362 ҲОЛАТИ РИОЯ НАШУДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ МЕҲНАТ ОШКОР ГАРДИД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 138
Дар 98 ташкилоту муассиса омӯзишу санҷиш гузаронида шуда, дар ин муддат 362 ҳолати риоя нашудани қонунгузории меҳнат ошкор карда шуда, то давраи ҳисоботӣ 286 ҳолати он бартараф карда шудаст. Дар ин хусус Раҳмоналӣ Давлатов, сарнозири ҳифзи меҳнати Шурои Иттифоқҳои касабаи вилоя-ти Хатлон, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Тибқи иттилоъ, дар нимсолаи аввали соли 2024-ум 1088 корманди соҳаҳои гуногун ба осоишгоҳҳо барои барқарор намудани саломатӣ сафарбар карда шудаанд. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии дар буҷети корхонаву ташкилотҳои вилоят 1 694 335 сомонӣ сарф карда шудааст.
То ин давра 830 корманди соҳаи маориф ва 199 корманди соҳаи тандурустӣ бо роҳхатҳои табобатӣ ба осоишгоҳҳо фаро гирифта шудаанд.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 333 нафар кӯдакони кормандони ташкилоту идораҳои гуногун ба истироҳату фароғатгоҳҳо фаро гирифта шудаанд.
ш. ХОлОВа, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...