13 МАНСАБДОР ҶАРИМА ШУД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 179
Зимни нишасти матбуотӣ муовини сардори Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Кӯлоб Музаффар Султонов иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли равон ба 1635 воситаи нақлиёти мусофирбар ва боркашонӣ варақаҳои назоратӣ дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 255 варақа зиёд мебошад.
Кормандони раёсат 225 рейд гу-заронида, 2517 воситаи нақлиётро аз санҷиши нозиротӣ гузарони-данд. Дар натиҷа, 2684 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд, ки аз ин шумора 267 протокол нисбати шахсони воқеии воситаҳои нақлиёт ва 13 нафар нисбати шахсони мансабдор мебошад.
Зикр гардид, ки маблағи ҷаримаҳо зиёда аз 749 ҳазор сомониро ташкил дода, маблағҳои ситонидашуда зиёда аз 486 ҳазор сомонӣ мебошанд. Дар маҷмуъ, 517195 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.
Дар ин давра гузаронидани санҷиши фаъолияти ҶДММ «Идрис нақлиёт»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҶДММ «Билол»-и шаҳри Кӯлоб доир шуда, нисбати роҳбарияти онҳо прото-коли ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.
А. АлишеР, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...