Баҳри таъмини волоияти қонун чораҳои дахлдор меандешем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 307
Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри амалӣ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, барои таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар нимсолаи аввали соли 2024 корҳои муайянеро анҷом дод.
Дар ин давра вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ
аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуданд, нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералӣ таҳия гардида, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои лозима андешидашуда, ҷиҳати таъмини иҷрои босифати бандҳои нақша-чорабиниҳои мазкур тамоми прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони мутасаддиидастгоҳи прокуратураи вилоят вазифадор карда шудаанд.
Ҳамчунин, дар давраи ҷамъбастии зикршуда 8
ҷаласаи ҳайати мушовара (14 масъала), 33 маҷлиси фаврӣ-назоратии назди прокурори вилоят (115 масъала) гузаронида шуда, дар маҷмӯъ, дар онҳо 131 масъала баррасӣ ва аз натиҷааш 193 қарори уҳдадоркунанда қабул карда шудаанд.
Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ
ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин раванд ба қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасии саривақтӣ ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамарӯза амалӣ карда мешавад.
Дар ин давра ба прокуратураи вилоят ва шаҳру
ноҳияҳо ҳамагӣ 4576 муроҷиат аз ҷумла, шахсони воқеӣ
4406 ва шахсони ҳуқуқӣ 170 муроҷиатҳо ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 17,3 фоиз ё худ 763 муроҷиат зиёд
мебошад.
Аз ин рақам 1489 муроҷиат аз ҷониби мақомоти
прокуратура мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо натиҷаи
баррасӣ 445 ё худ 28,9 фоиз муроҷиатҳо қонеъ, 60 муроҷиат рад, бо 984 муроҷиат талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст.
Дар ин давом 452 ҳолати ҳуқуқҳои поймолгаштаи шах-
сони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайяну барқарор карда шудаанд.
То ҳол вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ зимни қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ
ва ҳуқуқӣ пурра аз байн нарафтаанд, ки қонунвайронкуниҳо аз қабили бе баррасӣ монда-
ни муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дағалона вайрон кардани муҳлати баррасии муроҷиатҳо дар фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҷой доранд, ки боиси поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мегарданд.
Дар маҷмуъ, дар ин самт 50 санҷиш гузаронида,
баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 127 санади прокурорӣ оварда, 153 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 101 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 4 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шуда, барои саривақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон 17 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин муддат, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ 1219 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҳамагӣ 23537 қонунвайронкунӣ ошкор карда шудааст, ки 1286 адад ё 5,4 % нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф
намудани қонунвайронкуниҳо 9432 санади эътиноии
прокурорӣ қабул гашта, инчунин 778 парвандаи ҷиноятӣ
оғоз карда шудааст. Чораҳои эътиноии қабулгашта нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошанд.
Кор дар самти барқарор кардани зарар беҳтар шуда,
маблағи 221 млн. сомонӣ барқарор шудааст, ки нисбати
ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Аз маблағи зарари зикргашта 55,5 млн. сомонӣ қарзи андоз, 3,3 млн. сомонӣ қарзи гумрук ба манфиати буҷет, 44,7 млн. сомонӣ қарзи музди меҳнат, 68,7 млн. сомонӣ қарзи нафақа ба манфиати маъюбон ва нафақахӯрон, 13,2 млн. сомонӣ дар самти ноболиғон, 29,6 млн. сомонӣ энергетика ва маблағи 5,7 млн. сомонӣ дар самтҳои дигари назоратӣ рӯёнида шудааст.
Вобаста ба қонунгузории буҷет 37 санҷиш гузарони-
да шуда, аз натиҷаи он 325 қонунвайронкунӣ ошкор кар-
да, дар натиҷа 72 амр ва 39 пешниҳод, 13 эътироз овар-
да шуда, нисбати 168 нафар истеҳсолоти интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ оғоз гардида, 32 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба азонихудкунии молу мулки ғайр (моддаи 245 КҶ ҶТ) оғоз ва тафтиш карда шудаанд.
Прокуратураи вилоят оид ба таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, 57 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи он 2337 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 448 амр, 69 пешниҳод, 30 эътироз оварда шуда, нисбати 172 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1276 моддӣ, 332 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 29,6 млн. сомонӣ зарар барқарор карда шуда, 13 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда
шудааст.
Прокуратураи вилоят назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба роҳ монда, ҷиҳати амалисозии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешидааст. Бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тарабхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон қонунвайронкуниҳо, ба монанди вайрон кардани вақти баргузории чорабиниҳо, зиёд кардани теъдоди иштирокчиёни маъракаҳо, таъсис надодани комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо, дар маҷмуъ, 406 қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 39 амр, 115 пешниҳод, 9 эътироз оварда шуда, нисбати 110 нафар истеҳсолоти интизомӣ ва 128 маъмурӣ ва 2 парвандаи
ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар самти қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва ҷангал бошад, 51 санҷиш гузаронида, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 78 амр дода, 65
пешниҳод ирсол намуда, ба санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 263 эътироз оварда, 70 нафар ба
ҷавобгарии интизомӣ, 43 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудааст.
Нисбати 382 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 40 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби прокуророн, ба 286 (256) қарору амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 286 қарору амрҳои эътироз шуда, 242 адади он, ё ин ки 84,6% вобаста ба замин буда, 113 қарор ё ин, ки 46,6% қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабулгашта нисбати қарорҳои раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Вазъи риоя ва иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба талабот ҷавобгӯй набуда, ҳолатҳои ба қонунвайронкуниҳо, бахусус ба ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин даст задани раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони мансабдори мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷой доранд.
Пардохти саривақтии музди меҳнат таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, ҳолатҳои саривақт аз тарафи корфармоён пардохт накардани музди меҳнати корман-
дон дар баъзе аз корхонаву ташкилотҳои ҳудуди вилоят то ба ҳол ҷой дошта, тибқи санадҳои эътиноии прокурорӣ дар ин давра 44,7 млн. сомонӣ қарздории музди меҳнат ба манфиати кормандон пардохт
карда шудааст.
Ҳолати иҷрои конунгузории замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки истифодаи оқилона ва самараноки замин дар доираи талаботи қонун таъмин карда шуда, тақсимоти ғайриқонунӣ ва ғасби худсаронаи он пешгирӣ карда шавад.
Новобаста аз ин, то ҳол дар миқёси вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дошта, дар ин самт 99 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 4030 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 1612
санади прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 2077 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 306 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 1,1 млн. сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 270 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Баҳри пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои замин дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ дар миқёси вилоят майдони 32,78 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашуда ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз 306 парвандаи ҷиноятии оғозгардида, 58 парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони мансабдор ва дигар шахсони масъул оғоз карда шудааст, ки аз ин 28 парвандаи ҷиноятӣ нисбати раисон ва кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 6 нисбати кормандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “БММҒ” дар шаҳру ноҳияҳо, 9 адад нисбати кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 7 адад нисбати роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 8 адад нисбати дигар шахсони мансабдор оғоз карда шудаанд.
Назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз яке аз самтҳои дигари фаъолияти прокуратура буда, диққати асосӣ ба таъмин намудани иҷроиши нақшаи воридоти
андозҳо ва рӯёнидани қарзҳои андоз дода шудааст.
Баҳри кам намудани бақияпулиҳои қарзи андоз чораандешӣ карда шуд, ки дар натиҷа 55,5 млн. сомонӣ қарзҳои андоз дар асоси санадҳои прокурорӣ бо рамзи
«64» ба буҷети давлат ворид карда шудааст.
Ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар ин давра 110 санҷиш гузаронида, 3521 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 484 амр, 493 эътироз ва 315 пешниҳод бароварда шуда, 928 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 426 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 744 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 124 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 13,2 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.
Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта дар муассисаҳои
соҳаи маорифи вилоят ҷой дошта, дар ин самт 40 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуданд.
Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар тарбияи насли наврас ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он
50 маротиба санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи он 1316 қонунвайронкунӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, нисбати 68 нафар волидайн парвандаи ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани
таҳсилоти миёнаи ҳатмии асосии нуҳсола бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, нисбати 555 нафар бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пар-
вандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуда, нисбаташон ҷазои сазовор таъин карда шудааст. Дар давраи таҳлилӣ, аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо дар ҳудуди
вилоят ба ҳолати 1-уми июни соли ҷорӣ 98 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 35 ҷиноят зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Сатҳи содиршавии ҷиноят ба ҳолати 1-уми июни соли 2024 тамоюли болоравӣ дошта, 2792 (2621) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли
гузашта 171 ҷиноят ё 6,5% зиёд буда, 983 (946) ҷиноят аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ошкор карда шудааст.
Кушодашавии ҷиноятҳо 82,04 (71,89) фоизро ташкил дода, содиршавии ҷиноятҳои терроризм 100%, ғоратгарӣ 80%, авбошӣ 79,2%, муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар 20,22%, дуздӣ 8,84%, қасдан расонидани зарар ба саломатӣ 12%, вайрон кардани қоидаҳои
ҳаракати роҳ 15,8% афзоиш ёфтааст, ки боз ҳам пурзӯр кардани фаъолиятро дар самти пешгирии ин қабил ҷиноятҳо тақозо менамояд.
Аз ҷониби прокуророн дар шаш моҳи аввали соли 2024 ҷамъан 214 ҷинояти аз қайд пинҳонмонда ошкор ва ба қайд гузошта шудааст, ки аз он 67 парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст. Бо натиҷаи баррасии пешниҳодҳои прокуророн 165(65)
нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкоркунии он ба 156 ҳолат расида, миқдори маводи нашъаовари дарёфтгардида дар
маҷмуъ 979 кг. 211 гр. (193 кг. 609 гр.) ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 160 кг. 974 гр. маводи нашъаовар зиёд дарёфт ва мусодира шудааст.
Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ҳодисаҳои худкушӣ буда, дар давраи таҳлилӣ 71 (66) ҳодисаи худкушӣ ва
сӯиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 25 (30) нафар мардон ва 26 (36) нафар занҳо буда, аз шумораи умумӣ 56 (55) нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расидаанд.
Ин зуҳуроти номатлуб дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Кӯлоб, Кӯшониён, Ёвон, Носири Хусрав, Муъминобод,
М.С.А.Ҳамадонӣ ва Данғара афзоиш ёфтааст. Даст ба худкушӣ задан дар байни ноболиғон бошад, дар ин муддат 18 (14) нафарро ташкил дода, ҳамаи онҳо хонан-
дагони муассисаҳои таҳсилоти миёна мебошанд.
Вобаста ба ин қабил ҳодисаҳо 4 парвандаи ҷиноятӣ, бо моддаи 109 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дода шудаанд.
Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 255 (249) ҷинояти коррупсионӣ
ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва бо 222 (218)-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 7,7 млн. сомониро ташкил намудааст, ки аз он 2,1 млн. сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барқарор карда шуда, ҳамзамон
дар ин самт 44 (33) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Аз ҷониби прокуратураи вилоят 3 парвандаи ҷиноятӣ оид ба додану гирифтани пора ошкору ба қайд гирифта шудааст. Баҳри тарғибуташвиқи қонунгузорӣ ва
таъмини иҷрои Фармони Пешвои миллат, Президенти мамлакат таҳти № 691, аз 9 апрели соли 1997 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони дахлдори Прокурори генералӣ дар ин самт доир ба вазъи ҷинояткорӣ ва фаъолияти прокуратура ҳамагӣ 106 ахборот, аз ҷумла дар байни аҳолӣ 32 ва коллективҳои меҳнатӣ
14 маротиба ва дар ҷаласаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ 40 ахборот дода шудааст.
Ғайр аз ин, дар байни аҳолӣ баҳри ташвиқу тарғиби қонунгузории ҷорӣ 3578 маротиба бо баромаду суҳбатҳо ва тавассути васоити ахбори умум 638, аз ҷумла
дар матбуот 323, ба воситаи радио 194 ва тавассути телевизион 112 маротиба оид ба натиҷаҳои санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятии аҳамияти
зиёди ҷамъиятӣ дошта, баромад кардаанд.
Бинобар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024 аз тарафи кормандони дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо
тибқи нақшаҳои тасдиқгашта дар ташкилоту муассисаҳо ва байни аҳолӣ вохӯрию суҳбатҳо бомаром давом дошта, аз васоити ахбори омма низ истифода карда мешавад.
Прокуратураи вилоят тасмим гирифтааст, ки минбаъ низ назорати прокурориро дар ҳамаи ҳолатҳо пурзӯр намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа тамоми чораҳои дахлдорро андешад.
Авазҷон Назарзода,
Прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00