Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶИНОЯТКОРӢ 3,2% ЗИЁД ГАРДИДААСТ


ҶИНОЯТКОРӢ 3,2% ЗИЁД ГАРДИДААСТ




Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ даромади буҷети вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашата 277 миллиону 184 ҳазору 408 сомонӣ зиёд гардида, 1 миллиарду 642 миллиону 683 ҳазору 23 сомониро ташкил медиҳад. Хароҷоти буҷаи вилоят дар ин давра 99%-и нақшаро ташкил дода, ки ба 1 миллиарду 618 миллиону 642 ҳазору 272 сомонӣ баробар мебошад. Ин нуктаро Ҳ. Қурбонзода, сардори Сарраёсати омори вилоят зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Тибқи иттилоъ, дар шаш моҳи соли равон дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ саршумори чорвои калон 1 миллиону 127 ҳазору 583 сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-ум 62 ҳазору 508 сар ё худ 5,9% зиёд мебошад.
Дар ин давра инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 618 миллиону 577 ҳазору 300 сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,1% зиёд мебошад.

Дар ин раванд, 3324 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2% зиёд мебошад.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода