Вохӯрии масъулин бо сокинон бо усули «Маҳал ба маҳал» ва «Деҳа ба деҳа» дар Данғара
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 227
Масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар шаҳраки Данғара бо усули «Маҳал ба маҳал», «Деҳа ба деҳа» бо сокинони ноҳия оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, инчунин риояи анъана ва ҷашну маросим, тарғиби либоси миллӣ ва таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ мулоқоту суҳбатҳо баргузор карданд.
Зимни баргузории вохӯрию суҳбат аз ҷониби занони фаъол, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ ташкил гардид. Дар намоиш ҳунарҳои миллӣ, аз қабили гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанӣ, зардӯзӣ, попурӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ аз ҷониби тарроҳону чеварон ва ҳунармандони деҳаҳои Ғиҷовак ва Паркамчӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Дар мулоқоту суҳбат бо сокинон, муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода таъкид кард, ки имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти пурсамари занону духтарон, алалхусус бонувони хонашин тамоми шароит ва имконияти аз худ намудани касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст.
«Занону духтарони мо, ки болоравии сатҳи зиндагӣ ва маънавиёти оила аз онҳо вобастагии зиёд дорад, бояд аз ин имкониятҳо истифода бурда, ҳунар омӯзанд ва ба фарзандон низ дар омӯзиши касбу ҳунар кумак расонанд. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо занони ҳунарманд дар хона истода, ба ҳунарҳои мардумӣ машғул гашта, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд»,- афзуд номбурда.
Дар суҳбат занони ботаҷриба оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлӣ, аз он рӯёндани ду-се ҳосил, фоидаи ба дастовардаашон аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва захираашон барои зимистон нақл карда, дар ин хусус ба дигарон тавсияҳои муфид доданд.
Гуфта шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд, ки ин тадбирҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид гузоштанд. Ҳамчунин қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва аз пардохти андоз озод намудани маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда аз тадбирҳои навбатии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...