ҶСК “ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮЛОБ”: ба 94826 нафар мусофир хизмат расонидааст.
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 199
Ҳомидзода Нуралӣ, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” имрӯз дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 8 500 000 сомонӣ маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ ворид кардем.
Ӯ афзуд: “Маблағи ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидаи ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” дар нимсолаи аввали соли 2024 маблағи 8 500 000 сомонро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нимсолаи аввали ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 845 765 сомонӣ кам мебошад.”
Иттилоъ дода шуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар нимсолаи аввали соли 2024 ба 94 826 нафар мусофир (дар нимсолаи аввали соли 2023, 152 062 нафар) хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи нимсолаи соли гузашта 37,7% ё 57 241 нафар мусофир кам мебошад.
Дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки теъдоди ҳодисаҳои ба таъхир гузошташудаи парвозҳо дар нимсолаи соли 2024 26 хатсайрро ташкил дод, ки нисбат ба нимсолаи дуввуми соли 2023 8 чунин ҳолат зиёд аст. Аз инҳо бо сабаби дер омадани ҳавопаймо 24 хатсайр, бинобар сабаби боду ҳаво 2 хатсайр, бо сабаби техникӣ 3 хатсайрро дар бар мегиранд.
Ҳомидзода Нуралӣ, директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб” гуфтанд, ки дар нимсолаи соли 2024 аз ҷониби кормандони ХБА 85 нафар вайронкунандаҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва реҷаи рухсатномавӣ дастгир карда, аз онҳо 27 нафарашонро ба шуъбаи корҳои дохилии дар фурудгоҳ буда супорида, бо боқимонда суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
Ҷиҳати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентӣ кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо гардонидани гирду атрофи ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" дар нимсолаи аввали соли 2024 дар ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" 5 000 дона гули лола, 3700 дона гули тадетс, 1350 дона гули вербена, 500 дона гули салвия, 1450 дона гули мавсимӣ шинонида шуд. Дар ҳудуди фурудгоҳ 62- ниҳол ангур, 19- ниҳол бодом, 53- ниҳол зардолу, 24- ниҳол гелос, 39-ниҳол олу, 15- ниҳол себ, 17- ниҳол чормағз, 17- ниҳол нок, 6- ниҳол себи биҳи, 14- ниҳол хурмо, 87- ниҳол олуча, дар маҷмуъ 353 адад ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд. Инчунин дар ин давра 16-дарахти ороишии магнолия, 8-дарахти ороишии сӯзанбагр, дар маҷмуъ 24- адад дарахтони ороишӣ шинонида шуд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...