720 ВОҲИДИ КОРИИ ХОЛӢ МАВҶУД АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 239
Имрӯз, 22 июл, нишасти матбуотии Раёсати тандурустӣ, Сарраёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят, Шуъбаи хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов оид ба натиҷагирии фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024 доир гардид.
Тибқи иттилоъ, дар вилоят 1793 муассиса тандурустии давлатӣ ва фаъолияти хусусии тиббидошта фаъолият доранд, ки 107 адади он муассисаи сатҳи беморхонавӣ, 245 маркази махсусгардонидашуда, 3 беморхонаи ҷумҳуриявӣ, 1263 муассисаи сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 4 маркази тиббии оилавӣ, 171 субъекти фаъолияти хусусии тиббӣ мебошанд.
Дар рафти нишасти хабарӣ, Ҷурабек Саидзода, муовини Раёсати тандурустӣ, иттилоъ дод, ки барои бартараф намудани норасоии мутахассисони равоншиносӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, то имрӯз ба донишгоҳҳои соҳаи тандурустӣ мактуб ирсол намудаанд. Дар ин раванд, барои рафъи камбудӣ ба масъулини марбутаи ҷиҳати ташкил намудани квотаҳои президентӣ муроҷиат намуданд. Мавсуф изҳор дошт, ки барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда пайваста корбарӣ намуда истодаанд.
Дар ин раванд, иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаҳои ҳудуди вилоят 720 воҳиди корӣ мавҷуд аст.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00