САҲМИ ШАҲРВАНДОН ДАР ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ КАЛОН АСТ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 198
Имрӯз, 22 июл, дар Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли равон доир гардид.
- Дар ин давра 254 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ин шумора 96 ҷинояти вазнин ва 22 ҷинояти ба миқдори калон мебошад. Маблағи зарар аз руи он 3 896 456 сомонӣ буда, то имрӯз 1 672 595 сомонӣ рӯёнида шудааст, иттилоъ дод сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон генерал-майори адлия Шараф Аввззода.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки аз тарафи кормандони раёсат 5 ҳолат хизмати якҷояи хешовандони наздик ва 7 ҳолати фаъолият намудан бо доштани доғи судӣ дар мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба он баробаркардашуда, ки бар хилофи талаботи моддаи 22-и қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" ва "Дар бораи хизмати давлатӣ" мебошанд, ошкор ва бо андешидани чораҳои қонунӣ бартараф карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба раёсат 252 ариҳаю муроҷиати шаҳрвандон ворид шуда, бо 37 муроҷиат парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00