«Хатлон»-иён дар «Ганҷинаи нақди адабӣ»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 219
13-14 июли соли равон ҳайати кор-мандони идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» ба муносибати 100-солагии адабиётшинос ва мунаққиди саршиноси Тоҷикистон Соҳиб Табаров ба ноҳияи Муъминобод сафар намудем.
Дар ин сафар мо нахуст дар маркази ноҳия аз «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» дидан намудем. Моро дар назди хона - музей бародарзодаго-ни устод пешвоз гирифта, дар бораи осорхона маъ-лумот доданд.
«Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» дар маркази ноҳияи Муъминобод ҷойгир буда, соли 2006 дар 16 сотих замин таъсис ёфтааст. Он аз китобхона, ҳуҷраи кории Соҳиб Табаров, толори хониш ва як даҳлез иборат мебошад. Дар он нигораҳои муҳиму нодир оид ба ҳаёту фаъолияти Соҳиб Табаров, аз қабили дастхатҳо, мактубу мукотибаҳо, китобҳои нодир (тақрибан 8 ҳазор нусха), лавозимоти шахсӣ, аксҳои оилавию дар ҳалқаи дӯстону шогирдон, Сипосномаву ифтихорномаҳо ва ғайра гирдоварӣ шудаанд. Соҳиб Табаров, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик, соли 1924 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст.
Солҳои 1934–1936 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи В.М. Молотови шаҳри Самарқанд, 1936–1937 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи А. В. Луначар-скийи шаҳри Панҷакент, солҳои 1937–1939 дар Омӯзишгоҳи ба номи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб ва солҳои 1939–1943 дар факултети адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Соли 1943 пас аз хатми донишкадаи омӯзгорӣ муддате дар кафедраи забон ва адабиёти он омӯзгорӣ кардааст. Якчанд муддат дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дарс гуфтааст.
Аз соли 1943 то соли 1985 дар вазифаҳои гуногун дар ДДТ ба номи В.И. Ленин фаъолият кардааст. Солҳои 1945–1949 аспиранти филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС, 1949–1952 ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти АИ ҶШС Тоҷикистон, 1952–1962 мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, 1962–1980 мудири кафедраи адабиёти советии тоҷик, 1980–1985 дотсенти кафедраи номбурдаи ДДТ ба номи В.И. Ленин буд.
Дар давраи мудирии Табаров дар баробари устодони варзида, Шарифҷон Ҳусейнзода, Баҳром Сирус, Муллоҷон Фозилов, Ҳилол Каримов, Воҳид Асрорӣ, Турсунбой Неъматзода насли дигари омӯзгорон, Саъдулло Асадуллоев, Зоҳир Аҳрорӣ, Асадулло Сӯфизода, Саъдоншо Имронов, Маҳмуд Давлатов, Хайрулло Муҳибов, Собира Аминова ва баъд-тар Раҳим Мусулмонқулов, Худойназар Асозода, Абдулҳай Маҳмадаминов, Абдуҷаббор Раҳмонов, Маҳмаисуф Имомов, Абдувалӣ Давронов, Рустам Ваҳҳобов, Равшан Раҳмонӣ ба камол расиданд.
Устод аз соли 1985 Сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосири тоҷик, мушовири илмии Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, дотсент ва мушовири ка-федраи назарияи адабиёт ва адабиёти навини форсии тоҷик шуда, то охири умр фаъолият намудааст.
Мақоми илмӣ ва фаъолияти адабиётшиносию мунаққидии Соҳиб Табаров боиси густариши беш аз пеш ва эътибори илмию таълимии кафедра гардид.
Паҳлуҳои мухталифи назарӣ ва амалии таърихи адабиёти давраи нави тоҷик дар асару мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавии устод Табаров мавриди тадқиқи амиқ қарор гирифтаанд. Услуби таҳқиқи С. Табаров дар пайравӣ ба академик Абдулғанӣ Мирзоев ва профессор А.Н. Болдирев, дақиқкорӣ, ба далелҳо эътибори ҷиддӣ додан ва аз ҳуҷҷатҳо эҳтиёткорона хулоса баровардан мебошад.
Аз Соҳиб Табаров ҳамчун муҳаққиқи адабиёт чунин осор боқӣ мондааст: «Романи «Ғуломон»-и С. Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ», «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик», «Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти советии тоҷик», «Пайрав Сулаймонӣ», «Мирсаид Миршакар», «Методи таҳлили асарҳои бадеӣ», ««Мунозира»-и Абдурауфи Фитрат», «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ», ««Биёноти Сайёҳи ҳиндӣ»-и Фитрат», «Тақдири фоҷиавии як шоири тоҷик», «Мунзим, Беҳбудӣ», «Зиндагино-маи Садриддин Айнӣ (1975–1899)» ва ғайра боқӣ мондааст.
Устод Соҳиб Табаров барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳмгузори дар рушду пешрафти илми тоҷик бо се ордени «Нишони Фахрӣ», ордени «Дӯстӣ», медали «Ветерани меҳнат», Ифтихорномаи Раёсати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи дав-латии омӯзгории Душанбе ба номи С. Айнӣ, Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва ғайра сарфароз гардонида шудааст.
Соли 2021 ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Таба-ров дар соҳаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ (барои олимону мунаққидон) таъсис ёфта буд, ки мукофотпулии он 5000 сомониро ташкил медиҳад. Соҳиб Табаров 14 апрели соли 2015 аз олам даргузашт.
Соҳиб Табаров дар рушди адабиёту адабиётши-носии тоҷик, махсусан нақди адабӣ саҳми бениҳоят калон дорад. Ӯ аз вилояти Хатлон яке аз аввалин шахсҳои маълумоти олигирифта, аввалин шуда ба узвияти АМИТ қабул гардидааст. Нахустин хатлониест, ки бо унвони «Ходими шоистаи илми Тоҷикистон» сарфароз гардида буд. Дар ҳамин баробар, баъд аз шоир Саидалӣ Вализода дуюмин нафарест, ки аз ви-лояти Хатлон ба узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС пазируфта шудааст.
Дар интиҳо аҳли эҷоди рӯзномаи «Хатлон» оромгоҳи Соҳиб Табаров ва ҳамсарашон шарқшинос Ванда Яблонскаяро, ки дар ҳавлии хона-музей дафн карда шудаанд, зиёрат намуда, бо як каф дуо хотираи онҳоро шод намуданд.
Ҷияни устод Олим Табаров иттилоъ дод, ки ба муносибати 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров бо ибтикори раиси ноҳияи Муъминобод бино ва саҳни «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» пурра аз таъмиру тармим бароварда хоҳад шуд.
Ёдрас мекунем, 100-солагии адабиётшинос ва мунаққиди номвари тоҷик Соҳиб Табаров имсол дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Толиб ТОЛиБЗОДА, «Хатлон»
(Бохтар-Муъминобод-Бохтар)
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...