Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Варзишгарони Хатлон 1571 медал ба даст оварданд


Варзишгарони Хатлон 1571 медал ба даст оварданд




Дар  шашмоҳаи  аввали  соли  2024  варзишгарони  вилояти  Хатлон  дар  95  чемпионат  ва  мусобиқаҳои  варзишии  ҷумҳуриявӣ  иштирок намуда, сазовори 522 медали тилло, 441 медали нуқра, 536 медали биринҷӣ гаштанд.

Тавре  аз  Раёсати  кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши  вилоят  ба  рӯзномаи “Хатлон”  иттилоъ  доданд,  варзишгарони  Хатлон  дар  19  мусобиқаи байналмилалӣ  фаъолона  иштирок  намуда,  18  медали  тилло,  17  медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ ба даст оварданд. 

Аз чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар маҷмӯъ 1571  медал  ба  хазинаи  вилоят  ворид  гардид,  ки  ин  нишондод  нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 344 адад медал зиёд мебошад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода