Рушди соҳаҳои моҳӣ ва парандапарварӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 241
Дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилояти Хатлон ба 319 адад расонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14 адад зиёд мебошад.
Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» хабар доданд, ки дар хоҷагиҳои моҳипарвар зиёда аз 2 миллиону 385 ҳазор дона моҳӣ парвариш ёфта истодааст.
Дар баробари ин, дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи парандапарварӣ низ сол то сол рушд ёфта, дар ин давра афзоиши саршумори паранда дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон 749,3 ҳазор сарро ташкил медиҳад. Соҳибкорони вилоят ба бунёди фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз давраи пешниҳоди имтиёзҳо то имрӯз 17 фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ҳамин тавр, теъдоди онҳо ба 35 адад расида, дар фабрика ва фермаҳои парандапарварӣ гӯшти паранда 2961 тонна ва тухм бошад, 14 миллион 50 ҳазор дона истеҳсол гардид.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00