Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОХТАР: АЗМИ БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ


БОХТАР: АЗМИ БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ




Айни замон дар шаҳри Бохтар сохтмони се муассисаи таълимии томактабӣ аз ҷониби соҳибкорони шаҳр бомаром идома доранд. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд. 

-Муаасисаҳои томактабии болозикр дар кӯчаи Айнӣ, маҳаллаҳои Зархез ва Мирзо Турсунзода ҷойгир мебошанд. Ҳамчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар маҳаллаи Дӯстӣ бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Шариф аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бунёди муассисаи таълимии замонавӣ барои 640 хонанда ба нақша гирифта шудааст. Барои сохтмони муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Шариф замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ дар рӯзҳои наздӣ оғоз шуда, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои ҷудо намудани замин дар маҳаллаи Дӯстӣ идома дорад, - гуфт манбаъ. 

Бояд гуфт, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои бунёди биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии рақамҳои 2, 6, 8 ва 14 барои зиёда аз 600 хонанда ба маблағи 25,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 6 ва 8 бо маром идома доранд. 

Т. Толиб, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода