МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САРВАРИ КОРПОРАТСИЯИ "ДАТАНГ"-И ХИТОЙ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 207
Имрӯз, 11 июл, дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид директори генералии корпоратсияи хитойии "Датанг" дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ван Хаоро ба ҳузур пазируфт.
Зикр гардид, ки вилояти Хатлон бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ мондааст ва ин равобит дар марҳилаи кунунӣ босуръат рушд дорад.
Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чинро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуморид ва афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самарабахши зарфияти минтақаҳо мусоидат мекунанд, алоқаманд аст.
- Мо ҳамкориҳои минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонем, - таъкид кард раиси вилоят.
Ван Хао, директори генералии корпоратсияи хитойии "Датанг" дар Осиёи Марказӣ, зимни мулоқот гуфт, ки корпоратсияи “China Datang”, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, ҳоло ба яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ дар Чин табдил ёфта, ширкат дар 31 музофоти Чин ва беш аз 10 кишвар ва минтақаҳои саросари ҷаҳон, аз ҷумла Мянма, Камбоҷа, Лаос, Индонезия, Узбекистон ва Сингапур фаъолият мекунад.
- Мо ният дорем, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро, ки энергияи тоза истеҳсол мекунанд, таъсис бидиҳем, - қайд кард Ваё Хао. -Бояд зикр намуд, ки Корпоратсияи хитойии Datang 14 сол пайиҳам ба феҳристи Fortune Globa l 500 шомил шудааст, ки ин аз натиҷаи кори хуби мо шаҳодат медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷонибдорӣ аз пешниҳоди таъсиси корхона зикр намуд, ки пас аз боздид аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар минтақаҳо барои ҳалли ин кор мусоидат карда мешавад.
Инчунин Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, таъкид кард, ки муносибатҳои кишвари мо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳоли рушд аст ва баҳри тақвият додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамкорӣ хоҳем кард.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...