Қарздорӣ аз маошу нафақа нест
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 152
Ба ҳолати 1 июли соли 2024 дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қарздорӣ аз музди маош ва фонди нафақа ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Мавриди зикр аст, ки бо Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 январи соли 2024 №671 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия”, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз 1 июли соли 2024 ба андозаи аз 30% то 40% зиёд гардидааст.
Таъмини маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ гардида, барои ин мақсад беш аз 2 миллиард сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда мешавад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...