Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ММД дар нимаи якуми сол афзудааст


ММД дар нимаи якуми сол афзудааст




8-уми  июли  соли  ҷорӣ   дар  Сарраёсати  Вазорати  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  вилояти  Хатлон  мушовара  оид ба  ҷамъбасти  натиҷаҳои  иҷроиши  буҷети  маҳаллии  шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 6-моҳаи аввали соли 2024 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини раиси ви-лояти Хатлон Ҷамшед Каримзода, сардори Сарраёсати Вазорати мо-лия дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода, сардорони Раёсат ва мудирони шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Зикр  гардид,  ки  тибқи баҳодиҳии  пешакӣ,  ҳаҷми  маҷмуи маҳсулоти  дохилии  вилоят  дар давраи  ҳисоботӣ  ба  12,2  милли-ард сомонӣ баробар гардида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2,4 мил-лиард  сомонӣ  зиёд  ё  ин,  ки  102 фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра ба буҷет ба ҷойи 1088,0 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда 1093,0 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 5,0 млн.  сомонӣ  ва  нисбат  ба  ҳамин давраи  соли  гузашта 147,5  млн. сомонӣ зиёд мебошад. 

Аз рӯйи маълумотҳо, ба ҳолати 1  июни  соли  2024  бақияпулии қарзи  андозҳо  дар  сатҳи  вилоят дар  маҷмуъ  маблағи  159,5  млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нис-бат ба аввали сол 6,7 млн. сомонӣ  кам карда шудааст.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода