Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ - ФАРОҒАТӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА БО ИШТИРОКИ ЗАНОНИ ФАЪОЛ


ҲАМОИШИ ФАРҲАНГӢ - ФАРОҒАТӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА БО ИШТИРОКИ ЗАНОНИ ФАЪОЛ




Имрӯз дар ноҳияи Данғара аз ҷониби занони фаъоли вилояти Хатлон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи фарҳангӣ — фароғатӣ ва мулоқоту суҳбат бо сокинон дар мавзуъҳои муҳими рӯз баргузор гардид. Дар ин хусус Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, сӯзанӣ, зардӯзӣ ва попурӣ муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби кадбонуҳо тарзи омода намудани таомҳои миллӣ нишон дода шуда, тарроҳон ва чеварон либосӣ миллии муосирро тарғиб намуданд.
Дар ин рӯз масъулони Кумита, бо усули «Маҳал ба маҳал», «Деҳа ба деҳа» бо сокинони ноҳии Данғара доир ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулот, инчунин риояи ҷашну маросим, таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандустӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз намуд, ки «имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои занон тамоми шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Мо, занон-модарон, пеш аз ҳама бояд дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор бошем».
«Яке аз ин ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон мебошад, ки имконияти хубест барои фаъолияти ҳунармандии занони мамлакат»,- афзуд номбурда.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода