Сармояи ивазнашавандаи зиндагӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 206
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН
Аз рӯзе, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”-ро эълон карданд, чанд моҳ сипарӣ шуд. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ тавассути расонаҳои хабарӣ, радиову телевизион хосу ом, намояндагони мақомоти ҳуқуқиву қудратӣ, ҷомеашиносон, зиёиёну фаъолон баромад намуда, аз масълаи муҳиму саривақтӣ будани ин пешниҳод андешаву таҳлилҳои ҷолиб баён доштанд.
Албатта, дар соле, ки мардуми шарифи кишвар 30-юмин солгарди бахтномаи миллат-Конститутсияро ҷашн мегирад, дар баробари омодагиҳои комил ба таҷлили он, ёдрас шудан аз маърифати ҳуқуқӣ, ки ҳар нафар бояд аз он бархӯрдор бошад, басо муҳиму зарурист. Зеро кишваре, ки соҳибистиқлолии худро ба даст дораду мардумаш аз рӯи меъёрҳои конститутсионӣ кору пайкор дорад, бояд ҳар шахс аз ҳуқуқҳои худ истифода барад ва онро сармояи ивазнашавандаи зиндагӣ шуморад.
Барои аз ҳуқуқҳои худ самарабахш истифода кардан бояд дар мадди аввал талаботи қонунҳои амалкунандаро хуб донем. Зеро ба гуфтаи файласуфон, озодии инсон аз ғуломи қонун будани ӯ амалӣ мегардад. Яъне, новобаста аз мансаб, табақаи иҷтимоӣ, эътиқоди динӣ, пайравӣ ба ҳизбӣ бояд санаду меъёрҳои ҳуқуқиро хуб донем ва ба онҳо эҳтиром гузорем. Дигар ин ки, доштани маърифати ҳукуқӣ ба шахс бедории маънавӣ мебахшад ва зиракии сиёсии ӯро бедор месозад. Ягон унсури бегона наметавонад ӯро мағзшӯӣ намояд, ӯро аз роҳи рост баргардонад. Ин нукта, махсусан барои ҷавонони ноогоҳу зудбовар мавриди таваҷҷуҳ бояд бошад.
Дар кишвари ором, сарсабзу ҳамешабаҳор ба сар бурдани моро душманон ҳасад мебаранд ва ба ҳар роҳу восита мехоҳанд дар ин диёр иғво андозанд. Онҳо фикр мекунанд, ки чунин озодӣ ба давлату миллати мо ба осонӣ муяссар гардидааст. Барои ба умқи ҳақикат расидани ҷавонони ноогоҳ лозим аст, ҳамаи ниҳоди ҷомеа дар якҷоягӣ кор баранд. Аз оила сар карда то мактабу макомотҳои дахлдор ба тарбияи насли имрӯза бояд мутаваҷҷеҳ бошанд.
Ҳамин тариқ, агар фаротар андеша намоем, мусаллаҳ гардидан бо маърифати ҳуқуқӣ на танҳо барои ин ё он шахс манфиатовар аст, балки барои ҳалли мушкилоти зиёди давр, ки ҷомеаро фарогир аст, мусоидат менамояд. Бо мақсади амалишавии ин масоил, чуноне ки Сарвари давлат дастуру супориш доданд, фаъолияти самарабахши ташкилоту муассисаҳо, мақомоти марбута дар асоси нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шавад. Корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок карда, омӯзиши ҳаматарафаи талабо- ти қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда шавад. Дар ҳамин сурат, ҷомеа воқеан бо донишҳои ҳуқуқӣ мусаллаҳ гардида, дар ҳамин самт маърифатнок мегардад ва дарк мекунад, ки баробари аз ҳуқуқи худ ҳифз намудан, уҳдадориҳои қонуниву нонавишта низ дорад, ки онҳоро набояд фаромӯш кунад.
Аз уҳдадорӣ ёдрас гардидан, гумон мекунам, аз манфиат холӣ нест. Зеро аз ҳуқуқҳои худ озодона истифода кардан ҳамон вақт моро даст медиҳад, ки уҳдадориҳои худро таъмин карда бошем. Ҳарчанд, пеш аз ин чанд қонуни миллӣ ба миён омад, ки як гурӯҳи ҷомеаро бори дигар ба аъмолашон ҳушдор месохт. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи иттиҳодияҳои динӣ» аз ҳамин қабиланд, ки вақт манфиатбории онҳоро нишон дод.
Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар ҳар қадам иҷро нагардидани уҳдадориҳои шаҳрвандон мушоҳида мегардад, ки оқибат кор ба қонуншиканӣ мебарад. Якчанд мисол меорем: мутобиқи сохтори нави хоҷагидорӣ заминҳои коллективӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо шуд, ки дар он аъзои хоҷагӣ саҳми худро доранд.
Ҷаласаи Шурои хоҷагӣ якеро сарвар интихоб намуда, якҷоя кор мебаранд, бояд баробар фода бинанд. Вале ин уҳдадориро роҳбарон фаромӯш кардаанд. Фоидааш аз роҳбар асту чанд дарза ғӯзапоя аз они саҳмдорон. Ё худ шумораи ҳоҷиёнро гирем, ки аз ҳисоби маблағи фарзандони дар муҳоҷирати меҳнатибуда сол аз сол меафзояд. Бо кадом азобу машаққат маблағ ба даст овардани фарзандон ва манфиатнок сарф кардани он, ки уҳдадории волидон аст, фаромӯш мешавад. Ҳол он ки мушкилоти хонаводагӣ зиёд аст.
Дар бораи мардуми бозорнишин низ чунин гуфтан мумкин аст. Онҳо ҳуқуқи худро барвақт медонанд. Нарх дар бозор давлатӣ нест, хоҳӣ гир, нахоҳӣ не. Вале уҳдадории худро, ки аслан инсоф гуфтани маънӣ дорад, фаромӯш мекунанд. Маҳсулоте, ки кайҳо дар пештахта аст, нархаш дар рӯзҳои иду маъракаҳо баланд мешавад. Уҳдадории худро мардуми савдогар фаромӯш мекунад.
Аз ҳама муҳим, ба масъалаи истифодабарии об, ки сарзамини мо аз он бой асту ройгон, таваҷҷуҳ мекунем. Обро дар миқдори зиёд дар рӯзгор истифода мебарем, киштзорро обёрӣ мекунем, вале на ҳама вақт қарзи виҷдонии худтоза нигаҳдории онро риоя мекунем. Фаромӯш мекунем, ки бузургон ба мавқеъ фармудаанд:
Зӣ ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Нашояд фикандан бар он сангу хок.
Ба ҳамин монанд мисолҳои воқеии зиёде овардан мумкин аст, ки ҳушёриву масъулиятшиносии шахсро ба обу хоки ватани биҳиштосо водор месозад. Аз ин рӯ, агар баробари маърифати ҳуқуқии худро бедор сохтан ваколатҳои инсонии худро қарзи виҷдонӣ донем, он гоҳ, бешак, поягузори давлати ҳуқуқбунёду пешрафта хоҳем шуд, ки ҳадафи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат низ ҳаминро тақозо менамояд.
Исматулло ҲАСАНОВ,
собиқадори матбуот, ноҳияи
Абдураҳмони Ҷомӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...