Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Зан - ифтихори миллат


Зан - ифтихори миллат




Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН 

Сол то сол беҳтар гардидани вазъу шароити рӯзгору меҳнат, баланд рафтани мақому мартабаи занон дар ҷомеа, такомули дунёи маънавии онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, хоса фарзандони мардуми минтақаҳои дур, шинохти рисолати зан-модар ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва бақои умру номи неки инсон файзу баракати подоши ибтикору талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Занони тоҷик дар ҳар давру замон дар ҷомеа мавқеи хос доштанд. Онҳо бо панду насиҳат, роҳнамоиву дуояшон дар пешрафти ҷомеа саҳмгузорӣ менамуданд. Модарону бонувони тоҷик ҳамеша дар саргаҳи саҳифаҳои таърих, талошгари озодиву истиқлоли меҳани хеш қарор доштанд. Ҳаёту зиндагии қаҳрамонзанон ба монанди Томирис, Рудобаву Таҳмина, Зебунисову Маҳастӣ, Розияи Озод, Адолат Раҳмоноваву Низорамоҳ Зарифова, Зебунисо Рустамова, Майрам Исоева барои насли имрӯзаву оянда намунаи ибратанд.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар даҳаҳои охири асри ХХ дар назди Ҳукумати мамлакат масъалаҳое ба миён омад, ки ҳаллу фасли он ҷаҳду талоши ҷиддӣ ва таъхирнопазирро мегузошт.

Дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ нақши занони сиёсатмадор, ходимони ҷамъиятӣ, давлативу ҳизбӣ бағоят калон арзёбӣ мегардад. Бонувони чун Бозгул Додхудоева, Зебо Аминзода, Тамара Абдушукурова, Саодат Амиршоева, Рафиқа Мусоева, Низорамоҳ Зарипова, Қиммат Рустамова, Раъно Каримова, Тоҷинисо Маҳмадова, Хуршеда Отахонова, Адолат Раҳмонова, Зебунисо Рустамова ва дигарон ҳамчун аъзои Ҳукумат ва дигар корхонаву идораҳои давлатӣ кору фаъолият намуда, дар хомӯш намудани алангаи оташ ва ба хона баргардонидани гурезагон саҳми шоиста гузоштанд. Саҳми занон-модаронро дар ин давраи сангини таърихии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо додаанд: “Занон ва модарони кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ душвортарин рӯзҳоро аз сар гузарониданд. Сарфи назар аз талафоти бузург, зарбаи тақдирро босаброна таҳаммул карданд ва дар баробари мардон барои пойдор намудани сулҳу субот дар кишвар сарбаландона мубориза бурда, ба хотири амнияту пойдории ояндаи миллат ҳамаро бахшиданд”.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ дар кишвар раванди нави рушди ҷомеа ва давлати навини тоҷикон фаро расид. Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба ҳаёт ва фаъолияти занон таваҷҷуҳи махсусро равона намудааст. Нахуст, Тоҷикистон миёни давлатҳои пасошуравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияҳои байналмилалиро дар бораи “Барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон”, “Ҳуқуқҳои кӯдакон” ва “Ҳуқуқҳои занон” эътироф намуд.

Дар идомаи тадбирҳои кишвар дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа як қатор санадҳои муҳиму саривақтӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, “Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат дар шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014”, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” ва ғайраҳоро қабул ва амалӣ намуд.

Миёни ҳамаи санадҳои вобаста ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа қабул гардида Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” шоҳсутуни онҳо ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки аз имзо шудани ин фармон имсол 25 сол пур мешавад. Фармони мазкур аз ҷониби ҷомеаи кишвар, махсусан занону бонувон пазироӣ ёфта, баҳри аз байн бурдани нофаҳмиҳои гендерӣ дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, тавсеа бахшидани нақши онҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии  мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ҳамаҷонибаи онҳо ба шумор мерафт.


Акнун занону бонувон дар кишвари нав аз ҷанг халосшуда, дар баробари мардон ба мубориза ва барқароркунии давлат бархостанд. Фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳо, хизмати давлатӣ, суд, адлия, прокуратура, милитсия, иқтисодиёт, дипломатия, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ, кишоварзӣ ва ғайра бо дасту бозуи тавоно ворид мешуданду дар пешрафти Тоҷикистон саҳмгузорӣ  менамуданд.

Хотирнишон бояд намуд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон  ангуштшумор буданд. Хурсандиовар аст, ки солҳои охир фаъолнокии сиёсии занон беҳтару хубтар гардида истодааст. Ин яке аз нишонаҳои таҳким бахшидани мақому манзалати зан дар ҷомеа мебошад.

Таҳти ғамхорӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз яке аз муовинони вазирону раисон ва дигар зинаҳои роҳбарӣ ҳатман аз ҳисоби занону бонувони фаъолу ташаббускор таъин карда мешаванд. Имрӯзҳо дар мақомоти ҷумҳуриявӣ, вилоятиву маҳаллии кишвар беш аз 8 ҳазор занону духтарон фаъолият мекунанд, ки беш аз 500 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд. Натиҷаи ҳамин дастгириву боварии Сарвари давлат ва мардуми кишвар буд, ки бонувони мо имрӯз дар сатҳҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз муовини Сарвазири мамлакат то раиси ҷамоат таъин гардида, иҷрои вазифа доранд. Барои мо - ҷавондухтарон фаъолияти сиёсии занонроҳбарон, ба монанди Озода Раҳмон, Матлубахон Сатториён, Дилрабо Мансурӣ, Мунира Иноятова, Хайринисо Юсуфӣ, Руқия Қурбонова, Гулнора Ҳасанзода, Махфират Хидирзода, Мавсума Муинӣ ва дигарон намунаи ибрату пайравӣ мебошанд.

Рақамҳо худ далел ва шоҳиди воқеият мебошанд. Тибқи маълумотҳои оморӣ, соли 1991 дар соҳаи маориф аз 95 ҳазор корманд ҳамагӣ 25 фоизро занону духтарон ташкил медоданд. Ин рақам дар соли 2018 бошад, ба 70 фоиз расонида шудааст. Ё худ агар дар соли 1998 дар соҳаи тандурустӣ аз 45 ҳазор корманд 25 ҳазор нафар занону бонувон буданд. Ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 51 ҳазор нафар расид, ки ин нисбат ба солҳои пеш чандин маротиба зиёд мебошад.

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳама баромадҳояшон ба занон таваҷҷуҳ намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти имрӯзаи ҷомеа хеле баланд арзёбӣ менамоянд. Мо аз қадрдонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неру гирифта, дар оянда низ баҳри пешрафту рушди Тоҷикистони азиз саҳм мегузорем.

Адолат МАМАТКАРИМОВА,
омӯзгор аз шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода