Дуои падар ба фатҳи қуллаи мурод роҳ кушод
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 272
Дӯсту бародарро зуд-зуд хабар гирифтан хуб аст. Дидори якдигар ба кас руҳу илҳом мебахшад, неруманд мегардонад. Ин хуб аст, албатта. Вале аз серкорӣ бошад, ё беҳавсалагӣ баъзан дидорбиниро мавқуф мегузорем. Ин амал, албатта, хуб нест. Бародархондам Гадомад Шарифзодаро дер боз надида, пазмони дидору суҳбаташ шудаам. Рӯзе ба хабаргириаш ба идораи суғуртаи вилоят омадам. Ӯ маро гарм истиқбол намуд.
Аз дер ба хабаргириаш омаданам гила кард. «Додарам, ки ҳастӣ, пазмонат мешавам»,-гуфт нимшӯхию нимҷиддӣ. Гадомад Шарифзода 29-уми июли соли 1960 дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Муъминобод дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Мактаби миёнаи №6-и зодгоҳашро хатм карда, бо идома додани таҳсилу фаъолияташ дар ҷомеа соҳибэҳтирому муваффақ гардидааст. Айни ҳол ба ҳайси директори Филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”-и вилояти Хатлон фаъолияти назаррас дорад.
Бо Гадомад Шарифзода баъди ҳолпурсӣ дар утоқи кориаш лаҳзае барномаи телевизиониеро, ки дар бораи як пири хирад қисса мекард, тамошо кардем. Гуфтам: “Акаи меҳрубон, падару модари шумо низ агар ҳаёт мебуданд, шояд беҳтарин барномаи телевизионӣ дар бораи зиндагиномаашон омода мекардем”. Ӯ лаҳзае сукут кард ва мисраъҳои шеърии устод Давлат Сафарро замзама намуд:
Мекунам ёди падар ҳар гаҳ, дилам гум мезанад.
Мешавам гумгаштаи сад раҳ, дилам гум мезанад.
Хандаҳои беғашаш пеши назар ояд маро,
Мешавам дар гиря тар ногаҳ, дилам гум мезанад.
Нафас дар гулӯяш дармонда, дақиқае хомӯш монд. Баъди сукути тӯлонӣ гуфт: “Падари ман марди бузург буданд...”
Пай бурдам, ки аз фироқи падар месӯзад. Бо ёди падараш Табаралӣ Шарифов суҳбати мо гарм шуд.
– Қиблагоҳ, мунису ғамхорамон буд. Умрашро ба тарбия бахшид. Фикру зикраш пайваста пайи хушбахтиву саодати фарзандону шогирдон буд. Мекӯшид ҳамрози халқ бошад. Омӯзгориро мояи ифтихору сарбаландии худ маънидод мекард ва умрашро сарфи ин касби пуршараф кард. Шогирдонаш шахсиятҳои муваффақи давр шуданд ва номи устод-падари азизамро зинда нигоҳ медоранд, – қисса кард Гадомад Шарифов.
Ёди падар барои акаи Гадомад душвор буд. Ҳолаташро дарк мекардам, суол дода, хостам аз ин варта берунаш созам. Аз айёми мактабу маорифи он давр пурсидам.
Аз қиссаҳои падар ёд овард, ки шароити таҳсили он давр мушкилу монеаҳои худро доштаанд.
-Падари бузургворам Табар Шарифов 10 майи соли 1927 дар деҳаи “Қипчоқ” таваллуд шудааст. Соли 1941 баъди таҳсил дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, ҳамзамон факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Кӯлобро соли 1949 хатм намудааст. Заҳматҳояшро ба инобат гирифта, ба вазифаи директори мактаб муносибаш медонанд. Солиёни зиёд дар деҳаҳои “Толеи нав”, “Чашмасор”, “Охҷар”, “Пистамазор”-и ноҳияи Муъминобод ба ҳайси директори мактаб кор кардааст. Ӯ омӯзгори асил буду вуҷудаш саропо кони маънӣ. Аълочии маорифи Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Медали “Барои меҳнати шоён” ва чандин ифтихорномаю мукофотҳоро бо меҳнати софдилонаву садоқати омӯзгориаш соҳиб гардидааст. Дар рушди соҳаи маориф хизматҳои арзандае кардаву аз худ номи нек боқӣ гузошт. Афсӯс, сад афсӯс, ки ин ганҷи ҳаётам моҳи октябри соли 2010 дунёи фониро тарк гуфт. Инак, чанд сол аст, ки дарди фироқи падар мекашам.
Бо ғамхории падар бузург шудан чӣ толеи баланд ва даврони тиллоии ҳаёт будааст. Аз рӯзҳои бачагӣ хотироти зиёд дорам. Ҳавлии мо васеъ буд. Баҳорон саҳни онро гулу буттаҳои рангорангу дарахтони гуногуни мевадиҳанда пуртароват намуда, бо зебоии махсус пардоз медоданд. Бӯи муаттари райҳону гулҳои баҳорӣ, шаббодаи форами дараи кӯҳистон ва шир-шири оби равони назди кати рӯи ҳавлиамон пайваста ёдам меоянд.
Дар кати ҳавлии мо қариб, ки ҳамеша меҳмон буд. Дар ҳавлии васею хонаи барҳаво мо як оилаи калон сукунат доштем. Бобою бибӣ, аммаву амакҳо сарҷамъ ва ҳама бо меҳру садоқат, дӯстдориву эҳтиром. Модарам дар мавриди меҳмоннавозӣ дилтангӣ намекард, – ашки чашмашро ноаён пок кард акаи Гадомад ва боз қиссаи он рӯзҳои деҳаро идома дод. – Вақте меҳмонони шуъбаи маориф ва ё ҳукумати ноҳия меомаданд, албатта, дар кати ҳавлии мо пазироиашон мекарданд. Суҳбатҳои меҳмонон самимию таъсиргузор буд. Дар бораи миллату давлат ончунон содиқона ва таъсиргузор ҳарф мезаданд, ки орзу мекардам ман низ зудтар бузург шаваму мислашон ба Ватан-модар хизматрасон бошам.
Модару дигар кадбонуҳои оилаи бузурги мо саргарми пухту паз буданд, ҳатто ҳолатҳое мешуд, ки дар як рӯз модарам ду маротиба дар танӯр нон мепухт. Ӯ шояд аз меҳру масъулияти меҳмоннавозӣ буд, ки хастагиро эҳсос намекард. То тайёр шудани хӯрок нони гарму ҷурғот рӯи дастархони хоксоронаи мо гузошта мешуд ва меҳмонон бо иштиҳо таърифкунон тановул мекарданд. Аслан дар деҳот ҳамин гуна хӯрокҳоро меҳмонон интизор буданд. Субҳгоҳон ширбату ширбиринҷ, маскаву асали кӯҳистон пеши меҳмонон гузошта мешуд.
Нисфирӯзӣ бошад, дар баробари таомҳои миллӣ ҳатман ҷурғоту чакаву дуғ ва кабудиҳо рӯи дастурхон гузошта мешуданд. Хаёлам он солҳо аз синфи панҷум боло мехондам. Модари раҳматиам Ҳанифамоҳ Мирова бошад, ба ҳайси кадбонуи хона беандоза масъулиятшинос буд,- гӯён баъди лаҳзаи сукут оҳе кашиду ёди фарзандони падар кард, акаи Гадомад: – Дар оила нуҳ нафар будем, афсӯс як нафарамон дунёро тарк гуфт. Калониашон ман, баъдан додарону хоҳаронам Сайфулло, Тавалло, Ҳикматулло, Туйчибой, Гулсунбӣ, Давлатбӣ, Иқболбӣ ва Сабоҳат.
Шахсе, ки бо насиҳату маслиҳати падар амал мекунад, албатта муваффақ мешавад. Мегӯянд, ки “Хушбахт нафарест, ки ба падараш шабоҳат дошта бошад”. Бо дарки ин ҳикмат ман низ пайрави маслиҳату хислат ва пешаи падар шудам. Бо дуои некашон омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлобро солҳои 1975-79 хатм кардам. Баъдан соли 1987 институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро аз рӯи ихтисоси таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм кардам. Бо тавсияи падар омӯзгори фанни таърих ва ҳамзамон ба ҳайси котиби ташкилоти комсомолии мактаб фаъолиятамро идома додам. Ҳамин кӯшишу талошҳоямро ба назар гирифта, маро ба унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор донистанд. Он рӯзҳо, ҳамзамон дар маҷаллаву матбуоти даврӣ мақолаҳои гуногун менавиштам, ки дар мавзуъҳои дархӯрди замон буд.
Яке аз шахсони муътабару қадрдон, омӯзгори маҳбубамон Абдулҳақ Одинаев, ки аз фанни забон ва адабиёти тоҷик моро таълим медод, тавсияам дод, то аз деҳа ба шаҳр равам, зеро онҷо кору зиндагии мардум ранги дигар дошта, имкони дучанд рушд кардан аст. Ҷудоӣ аз зодгоҳ бароям осон набуд. Муҳите, ки дар он калон шудам, оғӯши манзараҳои руҳбахшу зебо, канори волидайну дӯстону пайвандон, макони хотираҳои даврони тиллоии бачагӣ, ки онҷо гузаштааст. Тасмимам, ки ҷиддӣ буд, омадам.
Лаҳзаҳои нотакрори зиндагии пурфайзи бо падару модар буданҳо гузашт ва аз он солҳо танҳо хотираҳо монду...
Бале, гузаштаҳо гузаштанд, аммо хотираҳои нек боқӣ монданд. Дар синни 83-солагӣ падар ва баъдан модарам ин дунёро тарк гуфтанд, аммо муҳаббату садоқат ва насиҳатҳояшон бо мост.
Ба хотири шикасти хумори дидори волидайн дар хона либосҳои намунаи онҳо овезон аст, ки бароям арзиши бузург доранд. Дар ҳавлӣ бошад, ҳамон кати таърихии назди гулу сабза ва хонаи хоксоронаи падар.
Беҳтарин ҷое, ки сар мениҳодам зонуи модар буд, беминнат ноне, ки мехӯрдам, нони падарам буд. Насиҳатгару омӯзгори ҳаётам падару модарам буданд. Имрӯзҳо хеле зиёд пазмонашон шудаам. Агар дар қайди ҳаёт мебуданд, мисли гули сари сабад, чун гавҳараки чашм дар кошонаи қалбамон навозишу парасториашон мекардам. Боқии ҳаёташонро дар шаҳр, хонаи писар, дар ҳалқаи фарзандону наберагон мегузарониданд. Сад афсӯс, ки пару бол, мушкилкушову насиҳатгар, бахту иқбол, сарвату рӯшании хонадон, шукӯҳу таровати зиндагониамонро, ки падару модари меҳрубонам буданд, танҳо дар хоб мебинам. Макони охираташон ҷаннат ва руҳашон аз мо - пайвандон шоду болида бошад...
Акаи Гадомад Шарифзода бо чунин ниятҳои нек қиссаи зиндагии хешро ба анҷом расонд. Оре, зиндагиномаи ӯ ибратбахш асту боиси пайравӣ.
А. ҲАФИЗОВ,
журналист
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...