Ифтихори халқи тоҷик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 192
Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (дар соҳаи адабиёт), Ҷоизаи илмии Академияи илмҳо ба номи академик М. Осимӣ (дар соҳаи ҷомеъашиносӣ), Доктор ва Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (с.2001) устод Табаров Соҳиб Шуҳратиевич шахсияти барҷастаи фарҳангиест, ки умри бобаракати хешро ба пуррагӣ сарфи таҳқиқ, пажӯҳиш ва таълиму тадриси адабиёти муосири тоҷик намудааст. Дар муҳити илмию адабии кишвар ба ӯ муяссар гардид, ки мактаби илмию омӯзгории худро тавассути меҳнати содиқона ба халқу Ватани азизаш ба вуҷуд оварад, ки он бо номи пурифтихори “МАКТАБИ ИЛМИИ МУНАҚҚИД СОҲИБ ТАБАРОВ” натанҳо дар кишвар, балки берун аз марз шуҳратёр гардидааст.
андешаҳои орифонаи олими чех, академик Ян Рипка иктифо кунем: “Соҳиб Табаров на танҳо адабиётшиноси тоҷик, балки адабиётшиноси оламиён аст”.
Устод С. Табаров аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Университети давлатии Тоҷикистон (1948), ҳоло ДМТ, тайи 40 сол дар ин Донишгоҳи бонуфузи мамлакат кору пайкор кардааст. Ӯ дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ба толибилмон аз мадхали адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт ва таърихи адабиёт дарс мегуфт.
Дастпарвари Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон С. Табаров давоми солҳои 1945-1948 чун аспиранти Институти таърих, забон ва адабиёти тоҷики филиали тоҷикистонии АИ СССР ба омӯзиш ва пажӯҳиши корҳои илмӣ машғул шуда, соли 1949 дар мавзуи “Романи “Ғуломон” -ҳамчун романи таърихӣ” таҳти роҳбарии шарқшиноси машҳури шуравӣ академик Э.Е. Бертелс рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, шамъи фурӯзони “мактаби Айнишиносӣ”- ро дар Осиёи Марказӣ боз ҳам фурӯзонтар гардонидааст.
Олими ҷавон солҳои 1952-1958 ба ҳайси проректори УДТ ифои вазифа карда, маҷрои илми адабиётшиносии тоҷикро аз қисмати таърихи адабиёт бо мақолаҳои “Дақиқӣ”, “Рӯдакӣ”, “Абулқосим Фирдавсӣ”, Абӯалӣ Сино”, “ Носири Хусрав”, “Умари Хайём”, “ Саъдии Шерозӣ” ва ғайраҳоро шодоб намудааст. Ҷанбаи банду басти ин мақолаҳои марбут ба таърихи адабиёт фарогири ду фазилат буданд.
Аввалан, хонандаи тоҷикро то ҷое ба рӯзгор ва осори бунёдгузорони адабиёти форсӣ-тоҷикӣ шинос намуда, баъдан диққати пажӯҳишгарони ҷавонро ба омӯзиш ва таҳқиқи ин осори баргузида ҷалб менамуданд.
Устод С. Табаров соли 1953 чун олими сермаҳсул ва муҳаққиқи тавоно ба узвияти АИ Тоҷикистон пазируфта мешавад. Ҳамчун узви Шурои илмӣ дар донишгоҳ оид ба додани дараҷаи номзади илмҳои филологӣ, даҳҳо рисолаҳои илмӣ ва садҳо корҳои дипломию рефератҳои пажӯҳишии тахассусиро мавриди дифоъ пазируфта, нуфузи илми адабиётшиносии тоҷикро ба қуллаи баланди илмӣ ҳидоят бахшидаанд.
Фаъолияти пурсамари устод С. Табаров дар бахши адабиётшиносӣ боис гардид, ки давоми солҳои 1954-1965 ҳамчун раиси сексияи танқиди адабӣ ва адабиётшиносии ИН Тоҷикистон барои рушду нумӯ бахшидан ба қисматҳои дигари илми адабиётшиносӣ-назарияи адабиёт ва танқиди адабӣ хизматҳои басо мондагореро ба сомон расонидаанд.
Халқ мақоле дорад: “Каҷ бишину рост бигӯ”. Ҷонбозиҳои устод С. Табаров дар ин даҳсола дар соҳаи пешрафти илми адабиётшиносии тоҷик, бахусус танқиди адабӣ заҳмати нақбканони “Нақби Истиқлол”-ро мемонд.
Билохира, таассуф мехӯрам, ки чаро қисмате аз адабиётшиносон ҳини чашмандозӣ ба таърихи адабиёти муосир ин саҳифаҳоро ҳанӯз варақгардон намекунанд?
Боиси ифтихор ва арҷгузорист, ки аввалин падида “Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ” (Душанбе, 1980), барои факултетҳои филологии мактабҳои олии мамлакат маҳз ба қалами ҳамин мунаққиди эҷодкор тааллуқ дорад.
(Давом дорад)
Пиралӣ ҚУРБОНОВ,
Аълочиии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Муъминобод
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...