Душанбе - мизбони Чемпионати CAVA
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Аз 1 то 7-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи минтақавии Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) миёни духтарони то 16-сола (U16) баргузор мегардад. Бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп» сурат мегиранд.
Ба иттилои Маркази матбуоти Федератсияи волейболи Тоҷикистон, дар ин чемпионат дастаҳои мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.
Чорабинӣ тибқи нақшаи солонаи Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ баргузор шуда, ҳадафи асосии он рушди волейболи наврасон, тақвияти дӯстиву ҳамкориҳои варзишӣ ва ҷалби бештари духтарон ба ин намуди варзиш арзёбӣ мегардад.
Баргузории чунин мусобиқаҳо дар сатҳи минтақавӣ барои такмили маҳорати волейболбозони ҷавон ва омодагӣ ба рақобатҳои бузургтар саҳми арзанда хоҳад гузошт.
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00