Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВАҲДАТИ ПАРАНДАГОН


ВАҲДАТИ ПАРАНДАГОН




Ваҳдат неъматест, ки аз он одаму олам, парандагону чарандагон ва тамоми ҷонзоди олам баҳра мегиранд. Маҳз дар ваҳдат озодӣ, ободӣ, якдилию сарҷамъӣ, пирӯзию сулҳу оромӣ ва зиндагии шоиста ёфтан мумкин аст. Дар ҳамин хусус мушоҳидаҳои худро қисса мекунам.

Парандагон дӯстони мананд. Зеро онҳо беозору дилсӯзанд ва дар дӯстӣ низ устувор мебошанд. Ман аз онҳо хислатҳои некро омӯхтаам. Дӯстиам аз рӯзи ба онҳо обу дон доданам оғоз шуд. Шиносоии нахустинам бо мусичаҳо рост омад. Махсусан дар фасли сармо парандагон ба ғизо эҳтиёҷ доранд, барояшон ҳамарӯза рӯйи ҳавлӣ дону нонреза мепошидам. Онҳо як-як, ду-ду, села-села ва гурӯҳ-гурӯҳ ба донхӯрӣ меомаданд. Дере нагузашта парандаҳо ба ман унс гирифтанд, одат карданд ва мешинохтагӣ шуданд. Ҳамин ки рӯйи ҳавлӣ пайдо шавам, онҳо низ ҳозир шуда, болои сарам парвоз менамуданд. Хулоса аз ҳузури банда ҳаросе надоштанд.

Биёед, ба бархе аз онҳо, хислату рафторашон ошно шавем. Масалан қумрӣ, дар асл парандаи бегуноҳу аҳл аст. Пеши пой, дар сари китфу гирду атроф парвоз карда, гӯё меҳрубонии худро нишон медиҳад. Вале як хислату одоби онҳо ба банда маъқул нест. Онҳо танбалу бахиланд. Барои тақвияти ин гуфтаҳо чанд далел меорам.  

Рӯйи ҳавлӣ, чун одат, донаву нонреза пошидам. Нахуст мусичае меояд. Нонрезаро нӯл зада аз замин мегирад. Ҳанӯз онро нахӯрда мусичаи дуюмӣ пайдо мешавад. Мусичаи аввала нонрезаи даҳонашро боз ба замин гузошта, ҳамҷинсашро таъқибкунон пеш карданӣ мешавад. Намегузошт, ки он ҳам ризқашро соҳиб шавад. Ҳамин тавр таъқибу таҳдид идома меёбад, яъне то рафтани мусичаи дуюмӣ. Мусичаи "ғолиб” боз сари хони дона бармегардад. Вале бахилию нотифоқӣ мусичаро аз насиба маҳрум сохта буд.

Чанд сухан аз беҳунарию танбалии мусича. Ин паранда лонаи худро дар ҷойи ноустувору чашмрас бо 5-10 дона хас месозад. Лона сӯрохиҳои зиёд дорад, тухмҳои мондааш на ҳамеша эминанд. Як чӯҷа мегузорад, ҷони он ҳам дар хатар аст.  

Мусича нисбати ҷони худ низ беаҳамият мебошад. Махсусан фасли сармою яхбандӣ ҷойи гарму бехатар намеҷӯяд. Зери барф, болои ноқили барқ ва ё болои шохаи дарахт нишаста, пойҳояш часпида мемонанд. Дар аксар ҳолатҳо аз сардӣ ҷон медиҳад...

Гунҷишкакон бошанд, села-села парвоз мекунанд. Ба донахӯрӣ низ аҳлонаю якҷоя меоянд. Ризқи худро ба нӯл гирифта, боз бо ҳам болои боми хона рафта, бо хотири осуда, ризқашонро мехӯранд.

Банохост як майна пайдо шуда, донаю нонрезаҳоро мебинад ва бонги хатар мезанад. Садо баланд карда, ҳамроҳонашро даъват менамояд. Муддате нагузашта, гурӯҳи зоғҳо сари “дастурхон”-и дону нонрезаҳо ҷамъ мешаванд. Акнун онҳо “ҳукмрон”-и ин ҷо шуда, дигар парандаҳоро роҳ намедиҳанд ва сарҷамъона дона мехӯранд.

...Бисёрҳо мушоҳида кардам, ки гунҷишкакон лонаи худро дар қираи ҷариҳои баланд, ки бехавфанд, мегузоранд. Тухм гузошта, чӯҷа мебароранд. Дар якҷоягӣ чӯҷаҳоро калон намуда, парвозӣ мекунанд. Зоғ бошад, лонаи худро дар байни шохаҳои зичи дарахт месозад. Лонаи онҳо устокорона ва мисли тӯрхалтаи бофташуда сохта мешавад, то чӯҷаҳо аз чашми гурба эмин монанд. Ҷуфти зоғон фарзанди худро то парончаку мустақил шудан якҷоя нигоҳубин менамоянд. Як хислати онҳо боиси ситоиш аст. Онҳо барои ҳифзи фарзандони худ ҳатто бо душманонаш-мору гурбаҳо ба набард баромада, дар бисёр ҳолатҳо ғолиб меоянд. Дар ин ҳолат дигар зоғон низ ба кумакашон меоянд. Дар иттифоқӣ онҳо ғолиб мебароянд...

Ана ҳамин тавр ба хулосае меоям, аз рӯзгори парандагон панди ҳаёт бардоштан барои одамон аз манфиат холӣ нест.

С. ҚАРАХОНОВ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода