Моҳи июл обу ҳаво чӣ гуна мешавад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июл, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 305
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, вазъи ҳаво моҳи июл дар Тоҷикистон гарм ва ҳарорат каме бештар аз меъёри иқлимӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 31+36º гарм то 37+42º гарм, рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои ҷанубӣ то +44º гарм, дар доманакӯҳҳо аз 27+32º гарм то 33+38º гарм мешавад. Ҳарорати бартариятдоштаи шабонаи ҳаво дар водиҳо аз 17+22º гарм то 22+27º гарм, дар доманакӯҳҳо аз 13+18º гарм то 18+23º гарм дар назар дошта шудааст.
Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳои 0,5-5 мм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 6-21 мм). Дар рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...