Ватандӯстӣ аз мавзуъҳои меҳварии паёмҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 172
Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аҳаммияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин дорои аҳаммияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ мебошад. Зеро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон рӯ оварда, ҳамеша онҳоро барои ҳифзи Ватан, Истиқлоли давлатӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, забономӯзиву донишандӯзӣ, донистани техникаву технологияи навин, интихоби касбу ҳунарҳои муосир ҳидоят мекунанд, аҳамият ва неъмати истиқлолу ваҳдати миллиро баён месозанд, ҳамчунин онҳоро аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир огоҳ ва ҳушдор менамоянд.
Бояд қайд кард, ки ватандӯстӣ ин меҳру муҳаббати шахс ба Ватан ва ҳифзи он, ҳимояи манфиатҳои он содиқонаву софдилона хизмат кардан ба халқу Ватан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро гиромӣ доштан, риояи қонунҳо, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ мебошад.
Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, заминаҳои ҳуқуқии худро, қабл аз ҳама, аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад.
Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор ҳуҷҷатҳо қабул гардидаанд, ки баҳри ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ҳисси садоқат ба Ватан ва худшиносии миллӣ нигаронида шудаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз соли 2009 ҳадафи сиёсати давлатӣ дар самти ҷавононро аз ҷумла, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ арзёбӣ карданд.
Тавре таъкид гардид: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад».
Воқеан, маҳз мутахассисони донишманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту меҳанпараст метавонанд дар рушду инкишофи ҳама бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ «Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Ин иқдом ба ҷавонони мамлакат неруи тоза бахшида, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии онҳоро афзун кард.
Ҳамзамон, дар барномаҳои муассисаҳои таълимии мамлакат омӯзиши Конститутсияи кишвар ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» ба роҳ монда шуданд, ки ба ин васила донишҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии наврасону ҷавонон боло мераванд ва дар раванди давлатсозиву рушди кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
Яке аз воситаҳои асосии баланд шудани эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии шаҳрвандон ин беҳтар кардани шароити иҷтимоии аҳолии кишвар маҳсуб меёбад.
Қобили зикр аст, ки дар мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар наздик ба 25 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд. Ин навбат дар заминаи Паёми Сарвари давлат аз 28- уми декабри соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2024 қабул гардид, ки тибқи он аз 1-уми январи соли ҷорӣ музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд шуд ва аз 1-уми июл маоши амалкунандаи кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва андозаи стипендияҳо 40 фоиз, инчунин, андозаи нафақаҳо 30 фоиз зиёд мегарданд, ки дар баланд шудани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.
Лозим ба зикр аст, ки солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида, ҳамзамон дар мамлакат аз соли 2019 инҷониб ҳамасола озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегарданд. Чунин иқдомот дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг хеле муҳим буда, хосатан ҷиҳати дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд, маърифатнок ва китобхону китобдӯст намудани шаҳрвандон, дар умум ватандӯсту миллатдӯст намудани шаҳрвандон кумак менамоянд.
Бояд қайд кард, ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва пурдаҳшату хатарафзо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, сулҳу субот, амнияти давлатҳо ва рушди устувори онҳо таҳдид менамоянд. Ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ноболиғону ҷавонон, ки яке аз табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ҷалб карда мешаванд, ки ин хеле нигаронкунанда ва ташвишовар мебошад. Сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, аз таълиму тарбия дур монданашон, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар таълиму тарбия ва назорати онҳо дар оила аст.
Аз ин рӯ, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар вазъияти зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳон барои кишвар муҳим ва тақозои замон буда, баҳри тарбия намудани шаҳрвандон дар рӯҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат мусоидат мекунад.
Бояд хотирнишон сохт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар таҳкими ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва нигоҳдошти ҳувияти миллии шаҳрвандон мусоидат карда, масъулияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду тараққиёти мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар менамояд, инчунин барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, соҳаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон, имконоти нав ба вуҷуд меорад.
Ҳамин тавр, дар шароити кунунӣ ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ доштани шаҳрвандон хеле муҳим мебошад. Мо - халқи шарафманди мамлакат бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ ва амнияту осудагӣ дар кишварамон бирасем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқона хизмат намоем.
Таъкиди зерини Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд мақсаду мароми кор ва фаъолияти ҳаррӯзаи мо бошад: «Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне, ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...