Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон василаи баланд бурдани маърифати ҳуқуқии онҳо


Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон василаи баланд бурдани маърифати ҳуқуқии онҳо




Мақсади тарбияи ҳуқуқӣ аз рӯй овардан ба донишҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати дарки волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои шахс ва дар байни шаҳрвандон кам кардани сатҳи қонуншиканиҳо иборат мебошад.

Риояи бечунучарои қонун аз тарафи шаҳрвандон ин хостаи ҳар як давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Зеро маҳз ба ин васила волоияти қонун, робитаи давлат ва шахс, ҳукмрон будани қонун дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ зоҳир мегардад. Аз ин лиҳоз, иҷрои қонунгузорӣ ва дарки масъулияти ҳамдигари давлат ва шаҳрвандон вобастагӣ ба сатҳи маърифати ҳуқуқӣ дорад.

Амалисозии меъёрҳои ҳуқуқӣ тавассути усулҳои гуногун ба роҳ монда мешавад, ки як қисми онҳо  ба функсияи маҷбуркунии давлат вобастагӣ дорад. Аммо усули аз ҳама хубтар ва беҳтари амалисозии меъёри ҳуқуқ ин риоякунии он мебошад. Бо мақсади ноил шудан ба ин давлатро зарур аст, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро дуруст ба роҳ монад, то онҳо дарк намоянд, ки иҷрои қонун ба манфиати онҳо, ҷомеа ва давлат аст.

Тарбияи ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки мунтазами давлат, мақомотҳо ва хизматчиёни он, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоаҳои меҳнатӣ барои ташаккул додан ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Таълими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ миёни худ дар ҳоли пайвастагӣ қарор доранд.

Бо ин мақсад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ бахшида ба 15-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карданд: «Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад».

Тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати баланд бурдани сатҳи шуури онҳо дар руҳияи риояи қонун зина ба зина сурат мегирад. Хишти аввалро дар ин раванд муҳити оила мегузорад. Чигунагии сатҳи тарбия дар оила, пеш аз ҳама, ба дараҷаи камолоти маънавии волидайн ва роҳу усулҳои тарбия дар оила вобастагӣ дорад.

Тарбияи ҳуқуқӣ кори ҳамоҳанги тамоми сохторҳои дахлдори давлатӣ ва дигар бахшҳои ҷомеаро тақозо дорад. Чунин муқаррарот дар «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030» ҷой дода шудааст.

Аз ин бармеояд, ки тарбияи ҳуқуқӣ фаъолияти мунтазам ва бе танаффус аз тарафи мақомотҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, шаклҳо, воситаҳо ва усулҳои таълими ҳуқуқӣ ҳамчун механизми ташкилию методӣ амал мекунанд, ки тавассути он субъектҳои таълими ҳуқуқӣ ба шуури ҷамъиятӣ ва шахсият таъсир расонида, ба онҳо барои дарк намудани принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ мусоидат мекунанд.

Дар умум ҳадаф аз тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон - ин баланд бурдани тасаввуроти онҳо нисбат ба қонун ва риояи он аст. Маҳз ба ин васила мо метавонем ҷомеаро ба дарки дурусти қонун, аз байн бурдани нигилизми ҳуқуқӣ, боварӣ ба қонун, пешгирии қонуншиканиҳо ва ташкили ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо қонунҳои воқеӣ амалишаванда ба даст орем.

Алишер Шоев,
омӯзгор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода