Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба тақлид ва исрофкорӣ роҳ надиҳем


Ба тақлид ва исрофкорӣ роҳ надиҳем




Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати фарорасии Иди Қурбон

Ҳамватанони азиз! 

Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин маросимҳои суннатии мусулмонон буда, барои маромҳои инсондӯстиву муравват, худогоҳию  худшиносӣ ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст.

Ба ин муносибат, тамоми сокинони вилояти Хатлонро табрику таҳният гуфта, барояшон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори нек таманно дорам.

Ҷавҳари асосии иди Қурбон на танҳо тавассути ибодат кардан ва наздикӣ ҷустан ба Худованд мебошад, балки талқини арзишҳои инсонпарварӣ, дастгирӣ ва хайру эҳсон намудан ба ятимону маъюбон, беморону ниёзмандон, поси хотири гузаштагон, пайвандону хешу таборон, изҳори ҳамдардӣ ба азодорон аз зумраи беҳтарин фазилатҳои мусулмонист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, олимон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мардуми Тоҷикистонро дар арафаи ҷашнҳои мусулмонӣ ба анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, доштани дасту забони пок, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ даъват намуданд, ки ҳикмати арзишманд доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаризаҳои Иди саиди Қурбон таъкид кардаанд: «Ҳикмати аслии Иди Қурбон аз он иборат аст, ки мусулмонон дар замири худ бо роҳи ибодату ниёиш ва анҷом додани корҳои хайру савоб ба Худои таоло наздикӣ меҷӯянд ва ба ризоияти ӯ умед мебанданд. Ҳамчунин, ҳангоми баргузории ид ва оростани дастурхони маънавӣ ва камхарҷи идона мо бояд аҳкоми шаиатро дар хусуси зиёни исрофкорӣ риоя кунем ва фармудаи Қуръони каримро, ки исрофкоронро бародарони шайтон шуморидааст, аз ёд набарорем».  

Дар тӯли асрҳои зиёд арзишҳои инсонпарварӣ, аз қабили хайру эҳсон, дастгирии ятимону маъюбон, беморону ранҷурон аз ҷумлаи фазилатҳои Иди саиди Қурбон ба шумор мераванд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз барои намозгузорон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоату деҳаҳо, масҷидҳо бо тамоми меъёрҳои ҷавобгӯ ба фарҳанги исломӣ бунёд гардида, дарҳояшон барои ибодат боз аст. Барои шахсоне, ки мехоҳанд таҳсилоти олии динӣ гиранд, дар Донишгоҳи исломӣ шароит фароҳам буда, ҳамасола беш аз ҳафт ҳазор шаҳрвандони кишварамон озодона фаризаҳои ҳаҷро иҷро менамоянд. Ин далелҳо баёнгари озодии комили эътиқоди динӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Мардуми мо шукргузоранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар анҷуманҳои байналмилалӣ аз исломи поку ноб пуштибонӣ намуда, ба оламиён паём медиҳанд, ки дини мубини ислом ҳамеша тарғибгари некиву хирадмандӣ, хайру саховат, дастгирии якдигар, дасти навозиш гузоштан ба сари ятимону барҷомондагон мебошад.

Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат бамаврид қайд кардаанд: «Ин ид, тавре ки аз ном ва таърихи пайдоиши он бармеояд, суннати адои намози ид, инчунин, қурбонӣ кардану ба ҷо овардани фаризаҳои ҳаҷ танҳо барои онҳое, ки қудрату тавоноии моддӣ, яъне дасти дароз доранд ва соҳиби рӯзгори серу пур мебошанд, ба шумор меравад. Ба ибораи дигар, фақат онҳое метавонанд ба ҳаҷ раванд ё қурбонӣ кунанд, ки дар зиндагии худ ҳеҷ мушкилӣ надоранд, аҳли хонадон ва фарзандонашон аз ҳар лиҳоз таъмин мебошанд».

Ҳар нафари мо бояд сари ин масъала андеша кунем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки ба мардум сабукӣ овардан ҷавҳари дини мубини ислом мебошад. Вобаста ба ин, бобати қурбонӣ кардан дар рӯзи ид ҳар кас бояд имкониятҳои худро ба назар гирифта, ба тақлид ва исрофкорӣ роҳ надиҳад ва дастурхони хоксоронаи маънавӣ ороста намояд.

Ҳамватанони азиз!

Ҳукумати мамлакат имрӯз барои фаъолияти сохторҳои динӣ шароити созгор фароҳам овардааст. Вобаста ба ин сокинони вилоят ҳамасола ҷиҳати қонеъ намудани эҳтиёҷоти динӣ тибқи тартиби муайяншуда фаризаҳоро адо намуда, ҳатто аксари онҳо пайиҳам адои ҳаҷҷи умраи такрориро анҷом медиҳанд. Ба инобат бояд гирифт, ки дини мубини ислом зиёдаравӣ ва исрофкориро одилона маҳкум менамояд. Ба ҷои ин масрафи бемаврид агар амалҳои ободкориро дар мисоли бунёди иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ, роҳу пулҳо, бунёди боғу гулгаштҳо, ободонии маҳали зист, амалҳои сабзкорию дарахтшинонӣ ва муҳайё намудани шароити илмомӯзӣ барои фарзандонро анҷом диҳем, ҳамчун садақаи ҷория савобаш аз савоби зиёрати хонаи Каъба камтар нахоҳад буд.

Итминони комил дорам, ки сокинони баору номуси Хатлонзамин дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат бо меҳнати суботкорона баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлату Ҳукумати кишвар ин ташаббусҳои беназирро ба даст мегиранд ва бо анҷоми корҳои бунёдкорию созандагӣ дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамватанони азизро бори дигар бо фарорасии Иди Қурбон шодбош гуфта, барояшон некрӯзию хонаободӣ ва барои кишвари биҳиштосоямон сулҳу оромӣ, пешрафт ва шукуфоиро таманно дорам.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода