Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гумроҳӣ ҷавони ақидаҳои ифротидоштаро ба муҳлати 7 сол зиндонӣ


Гумроҳӣ ҷавони ақидаҳои ифротидоштаро ба муҳлати 7 сол зиндонӣ




БА ҶОЙИ АВВАЛСУХАН

Тоҷикистон ҳоло кишвари амн, маркази сулҳу иқдомҳои неку созанда гардидааст. Ин аст, ки сайёҳони хориҷи кишвар ба ҷумҳурии мо ба сайру саёҳат меоянд. Манзараҳои дилфиреб, ҷойҳои таърихӣ, меҳмоннавозии мардуми тоҷикро дида, худро дар як дунёи афсонавӣ дармеёбанд ва орзу мекунанд, ки мисли Тоҷикистон Ватан дошта бошанд. Ва онҳо аз ин мулки биҳиштосо як ҷаҳон таассурот мебардоранд. Мутаассифона, боз ҳастанд нафароне, ки ҳамаи ин пешравию рушдро нодида мегиранд, ношукрӣ аз сулҳу ваҳдату истиқлол менамоянд. Намак хӯрда ба намакдон туф мекунанд, аз ин пешравиҳо рашк мебаранд ва аз дур истода, ба сари давлату миллат санг мезананд.

Кистанд онҳо? Онҳо бегона не, худиҳо, яъне “каждумони зери бӯрёанд”-у заҳри худро мечаконанд. Онҳо замоне нияти шакли давлатдориро тағйир додан доштанд. Хушбахтона, ба ниятҳои нопокашон нарасиданд. Пас аз ноумедиҳо дум хода карда, ба назди хоҷагони хориҷии худ фирор намуданд.

Дар ҳамин ҳол, боз ҷавонони ноогоҳу гумроҳе ҳастанд, ки ба онҳо пайравӣ карда, ақидаҳояшонро дастгирӣ менамоянд ва тариқи сомонаҳои худ паҳн мекунанд. 

Дар ин маврид аз амали ношоистаи як ҷавони гумроҳ нақл карда мешавад...

ҲУКМИ ОДИЛОНА

Суди сайёри вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятиро ба айбдории Сангалиев Абубакр Муродалиевич дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 1792 қисми 1 ва 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.

Абубакр Сангалиев зодаи ноҳияи Хуросон, истиқоматкунандаи деҳаи Навзамини Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ мебошад. Ӯ 29 сол дорад. Оиладор ва соҳиби як фарзанд аст.

Муваққатан дар ҳеҷ куҷо кор намекунад. Саробонии падару модар ва оилаи худро ба зимма дорад. Аз ин рӯ, бештари вақт дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт. 

Дар мусофират заифию гумроҳӣ ӯро ғолиб омада, ба роҳи хато рафт. 22 ноябр саҳифаи электронии худро бо номи мустаори “@ abubakr abduloev 3681- Abubakr Abduloev” созмон дода, худро ба қайд гирифтааст. Минбаъд ӯ тавассути саҳифаи электронии худ ба сомонаҳои интернетии “ISLOH TV”, “Muhiddin Kabiri”, “ISLOH PLUS” ва дигарон, ки мансуб ба Ташкилоти экстремистӣ- терорристии “ҲНИ” мебошанд, аъзо шуда, дар натиҷаи мунтазам тамошо ва пайгирӣ кардани наворҳои видеоии аъзои фаъоли ташкилоти мазкур Садурдинов Муҳамадиқбол Қаландарович, маълум бо тахаллуси Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар маводҳои тавассути сомонаҳои интернетӣ паҳнгардидаи ин ташкилот, ақида ва ғояҳои ифротии онҳоро дуруст ҳисобида, дар шуур ва иродаи худ ҷой кардааст. Ӯ дар натиҷаи мунтазам пайгирӣ ва тамошо кардани маводҳои хусусияти ифротидоштаи Муҳаммадиқболи С. ва дигар маводҳои мансуб ба Ташкилоти экстремистӣ-террористии “ҲНИ”, нисбати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси бадбинӣ пайдо кардааст. Ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия қарор доштанаш бо мақсади маблағгузории Ташкилоти экстремистӣ-террористии “ҲНИ”, дар се ҳолат ташкилоти экстремистӣ-террористии номбурдаро дар умум 260 рубли русӣ маблағгузорӣ кардааст. 

Ҳамчунин, ҷиҳати иштирок дар фаъолияти манъкардашудаи Ташкилоти экстремистӣ- террористии “ҲНИ” ва мусоидат кардан ба фаъолияти он, мунтазам тавассути интернет бо истифода аз саҳифаи электронии худ дар зери наворҳои видеоии Муҳаммадиқболи С. ва дигар наворҳои видеоии мансуб ба ТЭТ-и “ҲНИ”, ки бо мақсади халалдор кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи оммавӣ паҳн карда шудаанд, шарҳҳои зиёд навишта, онҳоро дар байни дигар истифодабарандагони сомонаи интернетии “Ютуб” тариқи оммавӣ паҳн кардааст.

Дар асоси хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мазмун ва муҳтавои маводҳои аз саҳифаи электронии Сангалиев А.М. ёфтаю гирифташуда, дастгирӣ, ҷонибдорӣ намудани иттиҳоди экстремистӣ-террористии “Паймони миллӣ”, ки нисбати он аз ҷониби Суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ва ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин иштирок дар фаъолияти иттиҳоди экстремистӣ қабул шудааст, иштирок дар фаъолияти иттиҳоди экстремистӣ- террористии болозикр мавҷуд будааст.

Судшаванда Сангалиев А.М. бо айби ба ӯ эълон кардашуда бо моддаҳои 1793 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон худро пурра гунаҳгор шуморида, дар маҷлиси судӣ нишон дод, ки ӯ баъди хатми мактаби миёна, аз соли 2011 то соли 2020 то ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ сафарбар шудан ба Русия ба мардикорӣ рафта меомадааст. Баъди хизмати ҳарбӣ, 26 июли соли 2022 боз ба шаҳри Москваи Федератсияи Руссия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, то моҳи декабри соли 2023 дар он ҷо ба корҳои сохтмонӣ машғул шудааст. Моҳи декабри соли 2023 аз Руссия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, то лаҳзаи дастгир шуданаш дар маҳалли зисташ бо корҳои сохтмонӣ ва хоҷагидорӣ машғул шудааст.

Ӯ соли 2022 ҳангоми дар Федератсияи Русия қарор доштанаш телефони мобилии тамғаи “ОРРО А 74” харидорӣ карда, тавассути он ба 65 гурӯҳ (аз ҷумла ба гурӯҳҳои электронии “ISLOH TV”, Azda tv, Muhiddin Kabiri, ISLOH PLUS, ПАЁМ tv ва ғ.) обуна шуда, наворҳои хусусияти зидди давлатидоштаи онҳоро мунтазам тамошо кардааст. Дар шабакаи мазкур баъди тамошои якчанд барномаи аъзои ТЭТ “ҲНИ” Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳусейн Ашуров ва ТЭ “Гурӯҳи 24” Суҳроби Зафар, Салмон Холиқов, навор ва баромадҳои суханронии номбурдагонро дар тасма (лентаи) барномаи интернетии “You Tube”-и ӯ пайваста пайдо шуда, онҳоро мунтазам тамошо мекардааст.

Тавре, ки дар боло ишора рафт, Абубакр ба ТЭТ “ҲНИ” як миқдор маблағ ирсол кардааст. Ӯ мехост бо ин амали худ ба Муҳаммадиқболи С. барои амалӣ кардани мақсадҳояш кумаки модди худро расонад. Инчунин, чандин маротиба Муҳаммадиқболи С. дар баромадҳояш дарҷ намуда будааст, ки ӯ дар кишвари хориҷа ҳамчун иҷоранишин зиндагӣ карда, барои мубориза бурданаш бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ низ кумаки моддӣ лозим мебошад.

Барои иҷрои амалҳои болозикр Абубакрро нафаре маҷбур ва ё супориш надодааст. Дар натиҷаи мунтазам тамошо кардани наворҳои Муҳаммадиқболи С. ва дигар видеонаворҳои “ҲНИ” ӯ фикру ақидаҳои онҳоро дуруст ҳисобида, минбаъд амалҳои болозикрро содир кардааст.

Ӯ як маротиба навори видеоии Муҳаммадиқболи С.-ро тавассути барномаи интернетии “Вотсап” ба падараш Муродалӣ Сангалиев барои тамошо кардан ирсол кардааст. Вале падар дар ҷавоб ба ӯ ҳеҷ чизе нагуфтааст. Ӯ асосан тавассути телефони мобилии худ наворҳои видиоии Муҳаммадиқболи С. ва дигар маводҳои ТЭТ “ҲНИ”-ро дар алоҳидагӣ тамошо карда, ин ҳолатро ягон нафар аз аъзои оилааш ва ё шахсони дигар мушоҳида накардаанд. Абубакр Сангалиев аз ҷинояти содиркардааш пушаймон шуда, бинобар дар ошкор кардани ҷиноят фаъолона мусоидат намудан, ҷавон будан ва дар таъминоташ падару модар, фарзанди хурдсол доштанашро ба инобат гирифта, аз суд хоҳиш намуд, ки бо дастрасии моддаи 63-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазои сабуктар таъин намояд.  

сии моддаи 67 қисми 1 ва 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъиншуда ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳи дорои низомаш пурзӯр ҳукм баровард.

Абубакр Сангинов аз кардаи хеш пушаймон будани худро изҳор намуда, акнун дур аз падару модар, зану фарзанд 7 соли ҳаёташро дар маҳкама, паси панҷара мегузаронад. Ҳукми Суд одилона аст, албатта. ӯ мувофиқи кирдори нобахшиданӣ, гумроҳию заифиаш ҷазои сазовор гирифт.

Баъди ин ҳама боз суоле пеш меояд: оё пас аз адои ҳукм ӯ ислоҳ мешуда бошад? Ашки дидагони падару модар, қалби пурдарди зан ва зиндаятимии фарзанди ягонаи аз меҳрубонию  тарбияи падар дурмонда Абубакрро азоб медиҳад ё не? Инро вақт нишон медиҳад, вақте ки бефоида мегузарад.

Аз ин хотир, амалҳои ифротии Абубакр бояд ҳар як ҷавонро ҳушдор диҳад ва онҳо ба роҳи ин шахси гумроҳ нараванд. Зеро ҳар як кору амали ноҷою бад пушаймонӣ дорад, пушаймонии нобахшиданӣ...

Давлатбек ЛАТИФИЁН,
котиби Суди вилояти Хатлон,
А. СОҲИЛӢ,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода