Тоҷикона мепӯшем!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 29 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 255
Либоси миллӣ ифодагари фарҳанги ҳар халқу кишвар аст. Махсусан либосҳои милли мо – тоҷикон аз муҳимтарин унсурҳои фарҳангу тамадуни чандинҳазорсолаамон ба шумор меравад. Зану духтари тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси зебову шинами тоҷиконаи атласу адрас ва чакан мешинохтанду мешиносанд. Мутаассифона, имрӯзҳо ин рукни фарҳанги миллӣ ниёз ба ҳимоя дорад. Махсусан, қисме аз ҷавондухтарон майл ба фарҳанги бегона доранду аз пӯшидани либосҳои миллӣ канорагирӣ мекунанд. Тавре мушоҳида менамоем, онҳо бештар либосҳои кишварҳои ғарбию арабиро ва дигар миллатҳоро бозавқ ба бар менамоянду боре ҳам намеандешанд, ки мо - тоҷикон либоси хоси миллии худро дорем.
Далели арзиши воло доштани либоси миллии мо дар он зоҳир мегардад, ки соли 2018 чакани тоҷикӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардид. Арзиши атласу адрас низ, ки дар тӯли таърих вижагиву унсурҳои худро нигоҳ дошта омадааст, аз ин кам нест.
Пас, чаро мо бояд либоси бегонаро, ки ҳеҷ умумияте ба фарҳанги мо надорад, ба бар намоем? Набояд фаромӯш кард, ки либоси миллӣ муаррифгар ва инъикосгари фарҳанги миллии аҷдодии мост.
Ба масъалаи либосҳои фарҳанги бегонаро ба бар кардани ҷавондухтарон муносибати ҷиддӣ мебояд. Зеро ин масъала ба назар содаву одӣ намояд ҳам, дар асл пайомадҳои нохуби зиёде хоҳад дошт. Ва муҳимтар аз ҳама, он аст, ки ин раванд дар омезиши фарҳанги мо бо фарҳангҳои дигар ва азбайнравии он замина мегузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки имрӯзҳо миёни занону духтарон майл ба бегонапарастӣ зиёд мушоҳида мешавад ва бояд пеши роҳи он, ки хатари азбайнравии фарҳанги миллиро ба вуҷуд меорад, гирифта шавад. Ва ин, воқеан дуруст аст, барои пешгирии ин омил бояд ҳама дастҷамъона талош намоем.
Махсусан мо ҷавондухтарон, ки донишҷӯему намояндаи маҳалу зодгоҳи худ ҳастем, агар ҳам дар раванди таҳсил дар донишгоҳ ва ҳам берун аз он тоҷикона пӯшему ба либоси ғайр зиёд майл ва таваҷҷуҳ надошта бошем, дигар духтарон низ ба мо пайравӣ мекунанд ва бо ин роҳ мо метавонем пеши роҳи бегонапарастиро бигирем.
Биёед, бо ҳам тоҷикона мепӯшем!
Гулрухсор Шукурова,
коромӯзи рӯзномаи «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...