Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ФУТЗАЛ . Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии ФИФА дар ҷойи 34-ум аст


ФУТЗАЛ . Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии ФИФА дар ҷойи 34-ум аст




Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) бори аввал дар таърих рейтинги ҷаҳонии дастаҳои футзалро байни дастаҳои миллӣ эълон намуд, ки дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, бар асоси радабандии Федератсияи байналмилалии футбол дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо касби 1167,37 хол дар байни 139 давлати ҷаҳон дар зинаи 34-ум қарор дорад.

Бояд гуфт, ки аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2024, ки чанде пеш дар Бангкок ба анҷом расид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми чаҳорумро касб карда, бори аввал дар таърихи худ соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон гардид. Чемпионати ҷаҳон имсол аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мегардад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода