Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «САДРАНГИ ЧАКАН » Даври ҷумҳуриявии озмун баргузор гардид


«САДРАНГИ ЧАКАН » Даври ҷумҳуриявии озмун баргузор гардид



Дар пойтахти мамлакат, шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар озмун аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аз ҷумла аз вилояти Хатлон ҳунармандону чакандӯзон иштирок намуданд.

Беҳтарин чакандӯзони чирадасту моҳир тахайюлоти рангини хешро рӯи матоъҳои абрешимӣ оварда, беҳтарин гулдӯзиҳои нотакрору қашанг ва дидараборо пешкаши ҳозирин гардониданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки чакан таърихи қадима дошта, нишона аз фарҳанги бою миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад. Анъанаи чакандӯзию чаканпӯшӣ аз насл ба наслҳо ба мерос монда, дар шакли тозаву ҷаззоб то замони мо расидааст. Дар гузашта чакан либоси ашрофону одамони доро маҳсуб меёфт. Имрӯз чакани тоҷикӣ ифодакунандаи рангҳои тозаи зиндагӣ, хушию хуррамӣ, зебоиву сафо, офтоби тобон, шодию сурур аст.

Бо талошҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар 29 ноябри соли 2018 Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО-Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи солонааш чаканро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи арзишҳои фарҳангиву миллӣ муяссар гардид. Дар даврони истиқлол санъати чакандӯзӣ рушд карда, шуҳрати тоза касб намуд. Дар кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ марбут ба эҳё ва рушди санъати чакандӯзӣ баргузор мегарданд, ки ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ мебошад. Фестивали «Сад ранги чакан», «Ҷилваи чакан», «Хандаи ҳусн», «Ҷилои рангҳо», «Тоҷикона мепӯшем!» ва даҳҳо чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятиву дигар аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки тарғибгари фарҳанги асили миллии мост.

Инчунин, дар вилояти Хатлон марказҳои чакандӯзӣ ифтитоҳ гардида, ҳунармандон намунаҳои зебову замонавии онро пешкаши бонувон мегардонанд.

Айни замон чакани тоҷикӣ марзҳоро убур кардаву диққати хориҷиёнро ба худ ҷалб намудааст. Чакан ҳамчун муаррификунандаи фарҳанги миллӣ дар намоишгоҳу ҷашнвораҳои фарҳангии хориҷ аз кишвар ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Даври ҷумҳуриявии озмуни "Сад ранги чакан" дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳунармандони вилояти Хатлон бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода