Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ


ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ


ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  НАВРӮЗ

 

Ҳамдиёрони азиз!

Наврӯз бо накҳату нафосат, паёми рангин ва ҷилваи нотакрораш ба диёри куҳанбунёди мо сафою нусрат оварда, аз фарорасии соли пурфайзу бобаракат, бун-ёдкорию созандагӣ дарак медиҳад.

Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳост ва ҳамин хусусияти волояш боис гаштааст, ки манзалати худро то замони мо аз даст надод, баръакс, дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳу ҷалоли хоса касб карда, мақоми байналмилалӣ  гирифт.

Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат бо ҳисси ифтихор таъкид намуданд, ки Наврӯз вожаи байналмилалӣ буда, дар тамоми ҷаҳон бе тарҷума бо номи Наврӯз истифода мешавад. 

Дар масири таърихи беш аз 6000-солаи худ миллати тоҷик доимо соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда буда, ин рисолати бузургро имрӯз низ сарбаландона идома медиҳад.

Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз аст ва боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гардидааст ва онро тоҷикона таҷлил мекунанд.

Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва оини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруву илҳоми тоза ато мекунад. 

Ҳанӯз ҳазорҳо сол қабл ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунофари мо дар натиҷаи мушоҳидаҳои дақиқи нуҷумӣ ба ҷашни Наврӯз асос гузоштанд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти комили сиёсӣ ва иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгони мо дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд.

Наврӯз дар фарҳанги мо - тоҷикон рӯзи нав, зиндагии нав, ба ваҳдат омадани инсонҳоро талқин менамояд ва ин рукни муҳим то кунун пос дошта мешавад.

Агарчӣ борҳо Наврӯз аз ҷониби аҷнабиён мавриди таҳоҷум қарор гирифта бошад ҳам, вале азбаски ба ягон дину мазҳаб марбут набуд,   боз аз нав дар ҷилои тоза зуҳур кард.

Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгариро ривоҷ мебахшанд.

Мутмаинам, ки дар соли таърихӣ, таҷлили ҷашни умумимиллиамон, яъне 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарафманду заҳматқарини вилояти Хатлон оинҳои деринаи наврӯзиро гиромӣ дошта, ҳар як оила дар ободониву хуррамгардонии маҳал, беҳдошти муҳити зист, раванди созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи оқилонаю самарабахши ҳар қитъа замин саҳми шоистаи худро мегузорад. Яъне, Наврӯз барои мардуми мо натанҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, кӯчаю хиёбон ва шаҳру ноҳия, дар маҷмӯъ, ба ободии вилоят мусоидат менамояд.

Дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ, бохабар шудан аз ҳоли пирони рӯзгордида, собиқадорони меҳнат, ятимону бепарасторон, кумак ба ниёзмандон аз ҷумлаи русуми неки наврӯзист, ки, хушбахтона, дар вилояти Хатлон ин анъана то имрӯз ҳифз шудааст.

Дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат шахсони саховатпеша ва эҳсонкор, соҳибкорони бонангу номуси вилоят имсол ҳам дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ташаббусҳои башардӯстона нишон медиҳанд, ки ин ҳам далели сиёсати раъ-иятпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва дастгирии табақаи хайрхоҳ аз ин сиёсат аст.

Дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтани даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, толору майдонҳои варзишӣ, инчунин, бунёди корхонаҳои нави саноатию истеҳсолӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, боғҳои интенсивӣ, биноҳои маишиву хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматии баландошёна натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми диёрамон мебошад. Ин ҳама нишонаи возеҳи ободӣ, рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Ободкориҳои феълӣ бо ҳадафу ормонҳои волои созандаи сокинони сарбаланди вилояти Хатлон, хусусан дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоҳангии комил доранд.

Шодиовар аст, ки Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва ободкориҳо моро ба сӯйи музаффарияти наву фатҳи қуллаҳои баланди саодат, рӯзгори осоишта, сулҳу субот ва зиндагии орому осуда роҳнамоӣ мекунад.

Аз ин хотир, халқи тоҷик ин иди азизу муътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонад. 

Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд. Барои ҳар фарди огоҳу солимфикр ин оинҳо чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи хештандориву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.

Бо таманниёти нек ба мардуми шарифи Хатлонзамин Наврӯзро муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишварамон сарсабзиву шодкомӣ, зиндагии ободу осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии беш аз пешро таманно дорам.

Наврӯзатон хуҷаста бод!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода