Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶДММ «ФАЙЗИ ГАҶ»


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶДММ «ФАЙЗИ ГАҶ»




Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар ду хатти нави истеҳсолӣ - коргоҳи истеҳсоли гаҷкартон ва истеҳсоли блокҳои гаҷии ҶДММ «Файзи гаҷ».

Коргоҳҳои мазкур дар минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти "Даҳана" дар базаи корхонаи ҶДММ «Файзи гач» бо ҷалби сармояи дохилӣ бунёд гардида истодааст.

Тибқи лоиҳа коргоҳи истеҳсоли гачкартон иқтидори истеҳсоли 1 млн. м2 гачкартонро дар як сол доро буда, барои 35 ҷойи кории доимӣ пешбинӣ шудааст.

Хатти нави истеҳсолӣ ба маблағи 15 млн. сомонӣ бунёд хоҳад гашт. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Тибқи лоиҳа коргоҳи истеҳсоли блокҳои гачин иқтидори истеҳсоли 120 ҳазор дона блокҳои гачинро дар як сол доро буда, барои 10 ҷойи кории доимӣ пешбинӣ шудааст.

Хатти нави истеҳсолӣ ба маблаги 3 млн. сомонӣ бунёд хоҳад гашт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода