Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Занон дар ташаккули маънавиёти оила нақши бориз доранд


Занон дар ташаккули маънавиёти оила нақши бориз доранд



Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар дар хотирҳо нақш баст. Мардуми Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳ карда, суханҳои Пешвои миллат мавриди суҳбату баҳрабардориҳо гардидааст.

Воқеан, ин суханронӣ ва дастури Пешвои миллат ба яке аз масъалаҳои нозук- эътиқод,  озодии виҷдон рабт дошт. Он ҳеҷ касро бетараф намегузорад. Чӣ тавре қайд гардид: “Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд”.

Аммо афроде низ ҳастанд, ки инро нодида мегиранд. Мавҷудияти масҷиду ибодатгоҳҳо, нашри китобҳои динӣ, таҷлили бузургдошти орифони ислом, омӯхтани мероси мутафаккирон, имконияти таҳсил дар донишгоҳи исломӣ, озодона риоя кардани фаризаҳои динӣ, намозу ҳаҷ, закот магар барои эътиқоди мо камӣ мекунад? Аз ҳама муҳимаш он аст, ки давлати тинҷу осоишта дорем.

Вагарна, дар вазъияти беамниву бесуботӣ инсон танҳо дар бораи ҷони худ фикр мекунад, ки зинда монад. Дар кишварҳои исломии Фаластину Сурия, Афғонистони ҳамсоя одамон дар кадом ҳолатанд, медонем. Онҳо танҳо қатъи ҷанг, сулҳ дар ватанашон ва инсофу раҳми ҷангчиёнро аз Худованд илтиҷо мекунанд. Ҳар як инсон новобаста ба кадом дину мазҳаб доштанаш дар фазои осоишта, бо ҳолати равонии ором ибодат карданро мехоҳад.

Таъкидҳое, ки дар суханронии Пешвои миллат садо доданд, масъалаҳои муҳими замони мо ҳастанд. Чунки ҷомеа дар муттаҳидӣ аз рӯйи миллат, арзишҳои миллӣ ва эътиқод неруманд мегардад. Тоҷикистон аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки омили асосии онро тарғибу фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ ташкил медод, сабақи бузург бардошт. Ёди он рӯзҳои мудҳиш, хисороти моддию маънавӣ, шаҳид шудани ҳамватанонамон аз хотирҳо зудуда нашудаанд.

Аммо вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, бархӯрди тамаддунҳо, косташавии ахлоқ, таъсири интернет ба наврасону ҷавонон, муҳоҷират масъалаи таълиму тарбияи фарзандонро мураккаб гардонидааст. Бо вуҷуди қабули қонунҳои дахлдор, стретегияҳои давлатӣ ташаккули маънавиёти солиму созанда дар байни мардум таваҷҷуҳи хоссаро талаб мекунад.

Дар ин самт занон, модарон нақши бориз дошта метавонанд. Таъсири сухани модар ба фарзанд, насиҳати падар метавонад ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ, мавқеи устувори шаҳрвандӣ, аз ҷумла эътиқод ҳидоят кунанд.  Фарзанд аз овони хурдсолӣ аз муҳити оила оинҳои динӣ, намозу рӯзаро меомӯзад.

Аз рӯйи анъанаҳои миллии тоҷик ва дини мубини ислом ҳаққи модар дар назди фарзандон се баробар авлотар дониста шуда, гирифтани дуову ризоияти ӯ ҳатмист. Барои пешгирӣ кардани ҷавонон аз ҷинояткорӣ, бадахлоқӣ, одатҳои бад - майзадагиву нашъамандӣ, фаҳшу ифрот модар метавонад таъсири калон дошта бошад.

Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон, хосса дар мулоқоти навбатӣ низ ба бонувон муроҷиат карда, дар кори таълиму тарбияи насли имрӯзаи Тоҷикистон саҳмгузор буданашонро таъкид намуданд. Аз ҷумла бегонапарастии занон дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона ба ном сатру ҳиҷобро яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ҳисобида, гуфтаанд: “Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ - бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.

гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд, дар ҳоле ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос”.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки занон ҳангоми адои маносики ҳаҷ бо либосҳои миллии худ ҳастанд. Зеро либос чун забон муаррификунандаи миллат, фарҳанги мардум аст ва чун муқаддасоти миллӣ бояд аз насл ба насл ба мерос монад. 

Ин масъулият ба зиммаи занон бештар вогузор шудааст. Нақши модарон дар тарбияи либоспӯшии духтарон муҳим мебошад.

Аз хурдӣ ба пӯшидани либоси атласу чакан, куртаҳои дӯхти тоҷикона, тоқиҳои миллӣ, майдабофӣ, ороиши табиии абруву мижгон бо ӯсмаву сурма, ҳинобандӣ одат кунонидани духтарон ба эҳсоси зебоипарастӣ ва ҳувияти миллии онҳо мусоидат мекунад. Он метавонад ба меъёри одоб, анъанаи оилавӣ ва оини миллӣ табдил ёбад.

Дар замони муосир тақлиди духтарону бонувони тоҷик ба фарҳанги бегонагон-мижгон ва нохунҳои сунъӣ, тағйири сунъии лабҳо, бадан барои солимии онҳо пайомади нохуш дорад.

Бонуи тоҷик симои шарқиёна, ҳусни худодод дошта, эҳтиёҷ ба ороиши зиёд, ҷарроҳиҳои косметологӣ надорад. Инсон бояд ботинан зебо ва зоҳиран тозаву солим бошад.

Пӯшидани либосҳои сиёҳ, пайравӣ ба ифротиён дар байни занони хонашин, пеш аз ҳама, аз надонистани асли таълимоти ислом, мазҳаби ҳанафӣ расм шудааст. Либоспӯшии намоишкорона, шуҳратталабӣ дар байни занони ҳоҷӣ, доир шудани маҳфилҳои хоссаи ҳоҷиён ба маънавиёти атрофиён таъсири манфӣ мерасонад. Риояи фаризаҳои динӣ бояд сидқан, бе риёкорӣ сурат гиранд.

Пешвои миллат ба волидон, хосса модарон дастур доданд, ки фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд.

Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар аёми пирӣ дастгирамон бошанд.

Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расонидани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд.

Аз ҳамин хотир, фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзише надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.

Баъди аз даст додани онҳо танҳо ҷони падару модар месӯзаду халос.

Мо набояд гузорем, ки номи фарзандони мо дар таърихи миллат ҳамчун террорист ва ифротгаро сабт шавад. Ин дар шаъни падару модари тоҷик ва миллати соҳибфарҳангу бостонии тоҷик айб аст.

Аз мулоқот бардошти маънавии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон доир ба одобу ахлоқ, эътиқод, тарбияи ватанпарастиву сиёсӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, эҳтироми падару модар, масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон водор мекунад, ки таҳаввулоти замони муосир ва таъсири бесобиқаи онро ба инобат гирем. Хурофотро аз асли дин фарқ кунем.

Донистани таълимоти ислом, хондану қироати Қуръони карим, ҳадисҳои Пайғамбарамон (с) барои рушди маънавиёти занон ва аҳли оила манфиатбахш аст. Аммо бояд дар хотир дошт, ки мо дар ҷомеаи демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем ва бояд дар доираи қонунгузории қабулшуда рафтор намоем.

Мутаассифона, заноне ҳастанд, ки аз пайи шавҳарони раҳгумзада ба кишварҳои араб ва Туркия рафта, бо кӯдакони ятиммондаашон сарсон шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба тақдири онҳо бетараф нашуда, соли 2023-юм 104 нафар, яъне 29 оила, ки аз занон, наврасон ва тифлони худрдсол иборат буданд, аз Сурия ва Ироқ ба Ватан баргардонид.

Ин ташаббуси Пешвои миллат намои мардонагиву ҳимояи шарафи бонувони тоҷик, ба хотири обрӯи миллат аст. Чӣ тавре ки дар солҳои 
ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо занону кӯдакони фирорӣ аз Афғонистон баргардонида шуданд, то онҳо ғуломи дигарон набошанду хору зор дар мулки бегона намонанд.

Гаравидани занони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ зуҳуротест, ки ба ақл рост намеояд. Мағзшӯйии душманони миллат онҳоро чунон бераҳму шафқат менамояд, ки аз сирати занонаву модарона осоре намемонад. Қотил шудани зани солхӯрда дар дидбонгоҳ, дар ҷангҳои мусаллаҳона иштирок кардани зан гӯё барои ҷиҳоду ислом натанҳо аз набудани эҳсоси модарона, балки инсони соҳиби ақл ва андешаи зистан надоштаро мефаҳмонад. Зани тоҷик дар ҳамаи давру замонҳо ҷонибдори сулҳ, дӯст доштани Ватан, эҳтироми одамон ва ободиву созандагӣ боқӣ мемонад. Ягон модар аз хиёнаткории фарзандаш дар ҳаққи Ватан, террорист шудану ба куштори одамони бегуноҳ даст доштани ӯ розӣ нашудааст. Шояд аз он рӯзи наҳси тавлиди чунин фарзанд пушаймон шавад.

Эҳтироми бонувон, мақоми модарон дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор гирифтааст. Танҳо шукргузорона аз ин муносибат бо истифода аз имконияти озодона таҳсил, меҳнату зиндагӣ, эҷоду рушд кардан бонувон метавонанд аз раҳнамоиҳои Пешвои миллат илҳом гирифта, барои ободии кишвар, таълиму тарбияи насли истиқлол тасмим гиранд.

Дилором МАҲКАМЗОДА,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода