Чиро ва чӣ қадар бояд истеъмол кард?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 224
Рӯза имтиҳони ҳақиқӣ барои бадан аст. Дар тӯли чанд ҳафта шахс нисбат ба рӯзҳои муқаррарӣ бисёр кам сафеда истеъмол мекунад ва асосан ба хӯрокҳои карбогидрат тамаркуз менамояд. Мутобиқ шудан ба хӯроки нав, яъне ворид шудан ба рӯза бисёр душвор аст. Аммо баъд аз рӯзадории тӯлонӣ ба таомҳои муқаррарӣ низ баргаштан осон нест.
Ҳамин тавр, қоидаи асосиро бояд дар хотир дошт, ки баромадан аз рӯзадорӣ, инчунин аз ҳар гуна парҳез бояд тадриҷан бошад. Ба ҳолати муқаррарӣ бояд дар давоми 3 рӯз баргашт.
Агар системаи ҳозима ногаҳон бо миқдори зиёди хӯрокҳои гуногун пур шавад, пас метавонад падидаҳои ба ном диспепсӣ ба амал оянд. Вале хуб ҳал нашудани ғизоро метавон аз рӯйи аломатҳо, ба монанди дамиш ва дарднокӣ муайян кард. Бинобар ин, ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки бештар хӯрокҳои моеъ, об ва маҳсулоти ширӣ истеъмол намоянд.
Тавсияи муҳими ғизошиносон ин аст, ки бояд оҳиста ва кам хӯрок истеъмол кард. Дар ҳақиқат, дар сурати аз ҳад зиёд хӯрдан, бадан метавонад мушкилоти зиёде пайдо кунад, аз ихтилоли муқаррарии системаи ҳозима, то ба бемориҳои шадид оварда расонад.
Гаронии вазнин
Ҳангоми баромадан аз рӯзадории тӯлонӣ бояд на танҳо ба ғизои истеъмолкарда, балки ба гаронии ҷисмонӣ низ таваҷҷуҳ кард. Дар ин давра онҳо бояд кам карда шаванд. Аз ин рӯ, ғизошиносон ба варзишгарони касбӣ рӯза гирифтанро тавсия намедиҳанд.
Истеъмоли кадом хӯрокҳо бояд маҳдуд бошад?
Инак, худро аз истеъмоли ғизо на танҳо ҳангоми рӯзадорӣ, балки чанд рӯзи аввали пас аз анҷоми он низ бояд маҳдуд кард. Аммо ба ғайр аз тавсияи умумӣ, ки ба ғизо дар маҷмуъ дахл дорад, якчанд тавсияи дигарро оид ба истифодаи маҳсулоти инфиродӣ додан мумкин аст.
1. Тухм
Дар навбати аввал тухмро зикр кардан бамаврид аст, зеро тибқи анъанаҳои иди Фитр онҳо ороиши асосии дастархони идона буда, маъмулан дар он ба таври фаровон мавҷуданд.
Аксарият медонанд, ки тухм яке аз хӯрокҳои сабукҳалшаванда аст. Ин ҳама ба шарофати сафедаи он аст. Бо вуҷуди ин, онро набояд аз ҳад зиёд истеъмол кард. Инро махсусан онҳое, ки як моҳ рӯза гирифтаанд, бояд дар хотир дошта бошанд.
Дар рӯзи ид тавсия дода мешавад, ки на беш аз як тухм истеъмол карда шавад.
2. Гӯшт ва моҳӣ
Он маҳсулоте, ки ҳангоми рӯзадорӣ кам истеъмол карда мешуданд ва ба онҳое, ки акнун организм худро бояд дубора мутобиқ кунад, тадриҷан ба ғизо ворид карда шаванд. Сухан, албатта, дар бораи хӯрокҳои гӯштӣ ва моҳӣ меравад. Дар рӯзҳои аввали баъди Рамазон беҳтар аст, ки гӯшт хеле кам истеъмол карда шавад.
Танҳо дар рӯзи сеюм ва ё ҳатто чорум пас аз анҷоми рӯза метавон тадриҷан ба истеъмоли гӯшт, хусусан гӯшти беравған шуруъ кард. Беҳтар аст, он гӯшти гов ва мурғ бошад. Бирён кардани гӯшт тавсия дода намешавад.
Дар мавриди моҳӣ табибон таъкид мекунанд, ки ҳазм кардани он назар ба гӯшти гов осонтар аст. Барои ин бояд истеъмоли он ба андозаи муайян танзим карда шавад.
Вақте рӯза тамом мешавад, бояд кӯшиш кард, ки истеъмоли мева ва сабзавот, ки дар тӯли ин чанд ҳафта одат шудааст, нигоҳ дошта шавад. Ин маҳсулот ҳам ҳангоми рӯзадорӣ ва ҳам берун аз он муфиданд. Маҳсулоти шириро аллакай дар рӯзи аввали баъд аз Рамазон истеъмол кардан мумкин аст. Онҳо, бешубҳа, ба организме, ки худро аз рӯйи ғизои нав барқарор мекунад, фоида хоҳанд дод. Ин махсусан ба маҳсулоти ширии ферментӣ дахл дорад, ки ба кори рӯдаҳо таъсири судманд мерасонанд.
Нӯшокиҳои мевагӣ барои бадани инсон бисёр муфиданд. Истеъмоли онҳо ба ҳама одамон, бахусус рӯзадорон тавсия дода мешавад.
Саломатии худро эҳтиёт кунед!
Таҳияи Гесу
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...