Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таассубу риёкорӣ ба касодӣ мебарад


Таассубу риёкорӣ ба касодӣ мебарад




Баробари наздик шудани иди Рамазон ташвиши мардум ҳам зиёд мешавад. Омодагӣ ба рӯзи ид: пухту пазу харидорӣ намудани маҳсулот аз бозор, дастархонороӣ дар хона оғоз меёбад.

Ва инак, бозорҳо боз серодаму савдо дар ҷӯш. Дар ин соату рӯзҳо вориди бозор шудан низ як азоб аст. Тамбашавии одаон (харидорон), навбатпоӣ, баҳси харидору савдогар дар хусуси гаронии нарху наво саҳнаи театриро мемонад. Дар ин росто одат ё низомеро, ки ҳамасола дар арафаи иду маъракаҳо аз ҷониби мардум рух медиҳад, мушоҳида мекунем. Мардуми мо харидории маҳсулоти идонаро маҳз як ё ду рӯзи арафаи ид оғоз мекунанд.

Майлаш, харидани гӯшт, ширу қаймоқро як рӯз пеш аз ид бояд анҷом дод, то вайрон нашаванд. Вале меваҷоту донагиҳоро як ҳафта пештар харидан мумкин аст-ку?! Не, бояд “анъана ё одат”-и дар хуни мо буда вайрон нашавад. Бояд мо ба фоидаи савдогар рафтор карда, “савоб”-и ӯро бигирем.

Савдогар нархи маҳсулоташро ба осмон мебарад, зеро медонад, ки мардум ҳатман харидорӣ мекунад, чораи дигаре надоранд.

Ин маълумоти кӯтоҳе буд дар бораи маърифати хариду фурӯш дар бозор. Инак, меоем ба маърифати ба ид омодагӣ дидан, дастурхонороӣ, идгардаккунӣ. 

Дирӯз, 1 апрел ба кор меомадам. Роҳи ман аз назди бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар мегузарад. Дар даромадгоҳи дарвозаи бозор як шиносамро дида мондам. Аз гап гап баромад ва ӯ мақсадашро кушода, хоҳиш намуд, ки дар масъалаи фаҳмидани нарху навои маҳсулоти ба ид даркорӣ ӯро ҳамроҳӣ кунам. Розӣ шудам.

Ӯ рӯйхатеро, ки дар он номгӯйи ҳамаи маҳсулот буд, бароварда нишон дод: 10 дона банан (1 донааш 5 сомон), себ 5 кг (1 кг 25-30 сомонӣ), анор 3 кг (1 кг 50-60 сомонӣ), ангур 3 кг (1 кг 50-60 сомонӣ), нок 3 кг (1 кг 35 сомонӣ), киви 2 кг (1 кг 30 сомонӣ), писта 2 кг (1 кг 110-150 сомонӣ), чормағз 3 кг (1 кг 35 сомонӣ) мағз 2 кг (1 кг 45-80 сомонӣ), нахӯд 2 кг (1 кг 30-50 сомонӣ), бодом 3 кг (1 кг 85-90 сомонӣ), мавиз 3 кг (1 кг 50-120 сомонӣ), гӯшт 4 кг (1 кг 75-80 сомонӣ), биринҷ 5 кг (1 кг 23-25 сомонӣ), тухм 2 қуттӣ (1 қ. 36-42 сомонӣ) ва обҳои рангоранги ташнагишикан.

Баъди муайян кардани ин ҳама аз шиносам хоҳиш кардам, ки ин рӯйхатро ба ягон зан нишон надиҳад.

Ман хуб медонам, ки он шиносам бо маош рӯзгорашро пеш мебарад. Пас, ин ҳама маблағ сарфкунӣ ба кадом хотир аст?

Сабабашро гуфта дод. Дар ҳамсоягии онҳо шахси дорандае зиндагӣ мекардааст. Ҳар як ид дар ин хонадон дастархони идонаи пур аз хӯрданиҳои гуногун ороста мешавад. Ва бештари ҳамсояҳо ба ин ҷо омада “шикамчаронӣ” мекунанд.

Янгамулло барои аз таънаи ҳамсояҳо халосӣ ёфтан ба ҳамсояи худнамо таассуб карда, буҷаи оиларо ба бод медиҳад.

Пас, дар ин амал кӣ фоида диду кӣ зарар? Албатта, соҳибхонаи нодор зарари молиявӣ диду идгардакҳо (хӯрандаҳо) фоида. Магар ин хуб аст? Не, албатта! Ин маблағи сарфшуда ба рӯзгузаронии якмоҳаи оила мерасаду боз миқдоре захира ҳам мемонад. Бо ними ин маблағ барои кӯдакон сару либос, китобу дафтар харидан мумкин буд. Ин ҳолат дар ҳамаи оилаҳо ба мушоҳида мерасад. Нодор мехоҳад ба шахси доро пайравӣ кунад ва ғофил мемонад, ки худнамоиву таассуб ба касодӣ мебарад.

Боз як ҳолати дигарро, ки пандомез аст, мисол меорам. Ин воқеа соли гузашта дар иди Қурбон рух дода буд.

Дар яке аз биноҳои баландошёнаи маҳаллаи 14-уми шаҳри Бохтар ба фотиҳаи се оилаи азодор рафтам. Ҳамроҳи собиқ ҳамсояҳоям (истиқоматкунандагони ин бино), ба ин хонаҳо рафта дуо кардем. Истифода аз фурсат боз ба хонаи ҳамроҳонам барои дуо даромадам. Дар ин бино ду оилаи камбағал зиндагӣ мекунанд. Онҳо саробони худро чанд сол пештар аз даст додаанд. Занҳои ин ҳуҷраҳо низ дастурхони хоксорона (фақирона)-и идона оростаанд.

Соҳибхона бо дари кушода, интизори ҳамсояҳо шуд, то онҳо барои дуою фотиҳа дароянд. Вале ҳамроҳонам ба хонаи онҳо даромадан нахостанд. “Мо танҳо ба хонаи онҳое меравем, ки ҳамроҳамон ҳастанд”, гуфтанд. Зан лолу ҳайрон монда буд. Ман вориди ҳуҷраи зан шуда дуо кардам.

Дастурхони муқаррарӣ густурда шуда, рӯйи он нону кулча, дар чанд лаълича орзуқу ҳалво ва шакар, чойнаки чой гузошта шуда. Зан гила кард, ки дастурхони фаровони идона ороста наметавонад. 

Зеро барои ин маблағи кофӣ надорад. Ӯ маблағи ёфтаашро барои пӯшонидану хӯрондан ва хонондани фарзандҳояш захира мекунад. Шояд барои ҳамин нафаре аз дараш намедарояд...

Мутаассифона, мардуми мо дар рӯзҳои ид дастурхони шоҳона меороянд, таассубу худнамоӣ мекунанд. Ид нахуст аз гаштани кӯдакон оғоз меёбад. Баъди намоз мардҳо ид мекунанд. Гашти рӯз ба занҳо навбат мерасад. 

Сипас, духтарон ва бегоҳии рӯз наврасону ҷавонон ба идгардак мераванд. Рӯзи дуюми ид хешу табори дур ба хонаи якдигар меоянд ...

Дидаю шунидаҳои худро муқоиса карда, таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар мешавам: “... сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои дастгирии ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш намоем”.

С. АТТОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода