Терроризму экстремизм ба он муборизаи дастаҷамъона мебарем!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 314
Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.
Бояд гуфт, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва терроризм, дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ба назар расида истодааст.
Ифротгароӣ ва терроризм зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Зеро, терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карда, иброз доштанд: «Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ пешгирӣ гардидааст. Мо ба шаҳрвандон бори дигар муроҷиат мекунем, ки фирефтаи ҳар гуна дасисаҳо нагардида, фикри падару модар, фарзандон, обрӯи давлат ва миллатро кунанд».
Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин самт нигаронида шуда, пайваста бо аҳли ҷомеа ба хотири мубориза ба ин гуна амалҳои ғайриинсонӣ вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ сурат мегиранд.
Зеро, тибқи мушоҳидаҳо тайи солҳои охир дар даҳҳо мамлакати дунё амалҳои террористию ифтротгароӣ сурат мегирад, ки бар асари он садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро аз даст медиҳанд ва ҳазорҳо нафар кӯдакону ҷавонон бе таҳсил меонанд, ки ин таъсири худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад расонд.
Маврид ба зикр аст, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он ба шумор рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор гирифтааст ва бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.
Албатта, кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд бо ин вабои аср мубориза баранд. Ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту бофарҳанг метавонад дар тарбияи дурусти шаҳрвандон саҳм гузошта, нагузорад, ки ҷавонон фирефтаи гурӯҳҳои тундгаро гардида, мағзшӯӣ шаванд.
Аз ин рӯ, аз кулли ҷавонон даъват ба амал меорам, ки ҳангоми истифодаи телефонҳои ҳушманд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Чун шахсони бадхоҳу ифротгаро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз метавонанд бо ваъдаҳои хушку холӣ ба майнаи ҷавонон таъсир расонида, онҳоро ба сӯйи худ кашанд, ки дар натиҷа ҳам обрӯи худ ва обрӯи падару модар ва хешовандони худро доғдор мекунанд.
Ҳалим МУБОРАКҚАДАМОВ,
ёрдамчии калони
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...