Хизмати аскарӣ – кафили осудагии ҷомеа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 210
Хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди баору номуси ин кишвари биҳиштосо маҳсуб ёфта, хизмат кардан дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи шарафмандӣ ва мардонагии ҳар шахс баҳисоб меравад. Он ашхосе, ки низомӣ шуда, барои муҳофизати Ватанаш кӯшиш мекунад, дар назди ҷомеа ва дӯстону рафиқон соҳиби обруву эътибори хосса мегардад.
Ҷавонони баору номуси кишвари мо низ пайваста барои хизмат кардан дар марзу буми Тоҷикистони азиз омода буда, намегузоранд, ки пойи касифи душман бар хоки Ватан расад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани сохти давлат ва давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, мактаби бузурги ватандорӣ, макони тарбияи ҳарбӣ-ватандорӣ, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишвар саҳми беандоза мегузорад.
Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.”
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати ҷавонон тамоми шароитҳоро дар сатҳи зарурӣ қарор додаанд. Хизмат ба Ватан мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ барои ҳар шаҳрванд буда, маҳз обу тоби бадан ва ҳамчун шинохташавии мард аз ҳамин мактаб ибтидо мегирад. Ҷавонон дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як кафи хоки диёр мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд. Ватанро азиз дониста ҳимоят кардан, ба муққасадоташ арҷ гузоштан ва дар навбати худ ободу шукуфо гардонидани он воҷиби имонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як инсон мебошад.
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба таҷрибаи гузаштаи худ арҷгузорӣ кунем ва фарзандонро дар руҳияи меҳнатдӯстию ватандӯстӣ тарбия намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад дар Паёми навбатии худ аз 28 декабри соли 2023 дар барои самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷула торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир- терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”.
Аз ин рӯ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро ба роҳбарӣ гирифта, мо бояд ҳама чун як тан Ватани худро дӯст дорем, обод кунем ва дар ҳимояи марзу буми Ватани азиз ҳарис бошем, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба хизмати Ватан-модар, ба мактаби мардонагиву шуҷоат сафарбар намоем.
Наврӯз Тоҳирзода,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00