Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Як модари хуб ба сад омӯзгор баробар аст


Як модари хуб ба сад омӯзгор баробар аст




Мову шумо на фақат дар як Рӯзи модар, яъне 8 март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем».
Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН


Модар дунёи мост ва рӯҳи ҷ о в и д о н и е с т лабрез аз ишқу зебоӣ. Ва ҳар инсони соҳибақл то вопасин лаҳзаҳои зиндагӣ худро мадюни ғамхориҳои Модар медонад. Дар воқеъ, аввалин мураббӣ ва муаллими инсоният Модар аст. Ҳамаи олимону орифон, шоирону нависандагон, қаҳрамонону сипаҳсолорон, пешвоёну шоҳон дар оғӯши гарму ҷонфизо ва бемислу монанди модар ба воя расида, аз он мактаби нотакрор баҳравар шудаанд.
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд: «Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон-мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Аввалин шеъри олам низ аллаи Модар аст. Аз дараҷаи саводнокию фарҳангнокии занон ин ё он ҷомеаро баҳо медиҳанд».

Воқеан, дар давраи ҷоҳилият дар мамолики араб ва дигар мамлакатҳо зан қадру манзалат надоштааст.

Пайғамбари ислом (с) бо қавлу амалашон собит карданд, ки бояд уммати эшон дар муносибат бо занон бо эҳтиром бошанд. Дар ҳадиси муборак аз Расуллоҳ (с) чунин ривоят шудааст: «Дар хонае, ки дар он зан вуҷуд надорад, дар он хона хушӣ ва рӯшноӣ вуҷуд надорад». Қобили қайд аст, калимаи зан дар китоби муқаддаси Қуръони азимушшаън 84 маротиба зикр гардидааст, ки ин баёнгари ҷойгоҳи волои зан дар ислом мебошад. 

Донишманди бузург Абурайҳонӣ Берунӣ қайд намудааст, ки ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарон тоҷикмардони ориёӣ ҷашни хосае доштаанд. Тибқи таъкиди ин донишманд иди занон дар сарзамини аҷдодии мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро «Исфанд» мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд. Яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Берунӣ менависад: “Исфандомарз фариштаи ваколатдор дар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст.

Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву некукориро мекорад, то оянда насли наврас чун инсони масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расанд. Бузургон бо дарназардошти ин нуктаи муҳим чунин гуфтаанд: «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад».

Ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд.

Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда, шир хоҳад, пиёла дар даст то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.

Пешвои миллат зимни яке аз баромадҳояшон чунин изҳор доштанд: «Баъзе фарзандон анъанаҳои неки милливу мазҳабиамонро зери по карда, аз нигоҳубини падару модарашон даст мекашанд, волидайни худро ба хонаҳои пиронсолон месупоранд ва ҳамаи ранҷу заҳматеро, ки падар ё модар барои фарзанд мекашад, фаромӯш карда, бешармона ҳасткунандагони худро хору зор ва бенигоҳубину танҳо мегузоранд. Ҳол он ки якшаба бехобиву ранҷе, ки модар мекашад ва кӯшише, ки падар дар тарбияи фарзанд ба харҷ медиҳад, аз арзишҳои ду ҷаҳон бештар мебошад».

Барои муаллифи ин сатрҳо низ, модар – сарчашмаи ҳаёти музаффар азизу гиромист. Вале дар солҳои нооромии кишвар чун фирории иҷборӣ дар мулки бегона паноҳанда шудану азобу азияти ғарибиро чашида ва билохир дар ҳасрати дидори ёру диёр дар ғурбат ҷон ба ҷонофарин супурдани Модар доғи хунине дар дили мофарзандон боқӣ гузошт, ки он то абад зудуда нахоҳад шуд.
Модар, модар, ҷаҳони армон модар,
Аз ҷабри замон нобасомон, модар.
Рӯзону шабон Ватан мехостӣ, лек,
Ту хок шудӣ ба мулки афғон модар.

Модари аз ҷабри фалак ноосудаю саргардони мо турбаташ 31 сол қабл дар мулки ҳамсоя дур аз ёру диёр боқӣ монд, вале яқин, дуои некаш барои фарзандону пайвандон ва кулли мардуми тоҷик мустаҷоб гардид.

Маҳз ба шарофати ҷон дар рӯи каф мондану талоши пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори ҳазорон фирориёни иҷборӣ, фарзандону пайвандони модарҷони азизи мо низ дар хоки поки Меҳан қадам гузошта, ба дидори хешу ақрабою ҳамдиёрони арҷманду дилписандашон мушарраф гардиданд.

Дуо мекунем, гӯри модари меҳрубон ва манзили охирати ҳама модарони ҷафокашидаю ғарибгӯри тоҷик пурнуру рӯҳашон шод бошад.

Воқеан, модарон, бешак, фариштаҳои Худованд дар рӯйи заминанд ва ҳама сарсабзию сарбаландӣ ва саодати рӯзгор аз ҳузури онҳою дуои некашон бармеояд. Барои фарзандон ҳам қарзу ҳам фарзи имонист, ки ҳурмату эҳтироми модарро ба ҷо оварда, мақому манзалаташро арҷ гузоранд.

Азиз Фаттоҳ, узви ИЖТ,
ноҳияи Шаҳритус

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода