Дар ҳошияи Паём
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 274
Воқеан ҳам Паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар таҳкимбахши фаъолияти кории мо маҳсуб меёбанд.
Пешвои муаззами миллат ҳамасола дар Паёмҳояшон баробари дигар соҳаҳо ба рушди соҳаи фарҳанг ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз ҷумла чунин гуфтанд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.
Гулистон САФАРЗОДА,
директори Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто”
Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” воқеан ҳам рушдбахшандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар маҳсуб меёбад. Он ифодагари ормонҳои мардум ба ҳисоб меравад.
Яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати кишвар ин ҷалби занони соҳибкор баҳри рушди иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Зеро тайи солҳои охир занони соҳибкор дар корҳои ободонию созандагӣ, рушди босуботи кишвар ва дар ин замина барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Аз ин рӯ, мо нақша дорем, ки ҳаҷми қарзҳоро барои дастгирии занони соҳибкори вилоят дар муқоиса нисбат ба соли гузашта боз ҳам афзоиш диҳем.
Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ҳамзамон дастури мукаммалест баҳри дар оянда боз ҳам рушд додани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, ки дар рӯҳияи баланди созандагиҳо таҳия гардидааст. Бешак, ин рӯҳияи тоза садоқату вафодориро ба Ватани маҳбуб зиёд менамояд ва касро барои иҷрои кору амалҳои судманд раҳнамун месозад.
Абдукарим МИРСАЙЗОДА,
мудири филиали №43-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар
Паёми Сарвари давлат дар назди ҳар яки мо - кормандони соҳа, хосса омӯзгорону устодон, вазифаҳои мушаххас мегузорад, то бо масъулиятшиносии баланд барои боло бурдани сифати таҳсилот талош варзем. Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ, ки барои пешрафти илму маориф, тарбияи олимони ҷавон ва муҳаққиқони тозаназар мусоидат менамояд, ин зиёд кардани стипендияи донишҷӯён мебошад. Ин ҳадафи наҷибу созанда омили он мегардад, ки донишҷӯён, аз ҷумла магистрантону докторантон дар самти таҳқиқу пажӯҳиши самтҳои муҳими илм, хосса дар бахши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ боз ҳам ҷаҳду талоши бештар намоянд.
Рамазон Гулов,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...