Тарбияи миллӣ: Насли наврасро дар рӯҳияи он ба воя расонем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 414
Масъалаи таълиму тарбияи миллӣ яке аз проблемаҳои муҳиму рӯзмарраи замони муосир ба ҳисоб рафта, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию сиёсиро дарбар мегирад.
Тарбияи миллӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ баъди ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ мақому мартабаи махсусро касб кард. Олимону мутахассисон бештар кӯшиш намуданд, ки дар ин раванд нақши забони давлатӣ, ҷойгоҳи онро бо такя ба қарору қонунҳои забони давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд. Маълум аст, ки тарбияи миллӣ сифатҳои баланди ахлоқи инсонро ҳамчун худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ташаббускорӣ ташаккул медиҳад.
Чунин шаҳрванд метавонад, ки барои пешрафти миллати хеш дар пояи манфиатҳои миллӣ саҳмгузор бошад. Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил барои пешравии Ватан мебошад. Тарбияи шахси баркамол бе назардошти ҳамаи навъҳои тарбия имконпазир намешавад. Аз ин рӯ, барои тарбияи шахси ҳаматарафа инкишофёфта аз тамоми шаклу усулҳои тарбия ва арзишҳои миллӣ бояд истифода намоем.
Имрӯз дастовардҳои Истиқлол моро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши наслҳои оянда талош варзида, дар ҷабҳаҳои ҳаёт корҳои таълимию тарбиявиро дуруст ба роҳ монем. Махсусан, сифати таълиму тарбия ва дигар усулҳоеро ба кор барем, ки онҳо на танҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба кор бурда мешаванд, балки дар осорхонаю китобхона ва дигар муассисаҳои гуногуни иҷтимоию маданӣ бояд ташвиқу тарғиб ёбанд. Албатта, муассисаи таълимӣ дар баланд бардоштани дониши хонандагон нақши муҳим мебозад, боз омилҳое мавҷуданд, ки таъсирашон дар ин ҷода хеле калон аст.
Бояд гуфт, ки дар таълиму тарбияи кӯдак сатҳи дониши волидон нақши муҳим дорад. Маълум аст, ки чӣ қадар сатҳи дониши падару модар баланд бошад, ҳамон андоза таваҷҷуҳи онҳо ба таълиму тарбияи фарзандонашон бештар аст. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки фарзандони худро ҳаматарафа омода созанд ва барои мутобиқ шудани фарзандонашон ба ҳаёт ва талаботи ҷомеа шароити мусоид фароҳам оранд.
Дар баробари ин ташкил намудани китобхонаи оилавӣ дар таълиму тарбияи фарзандон нақши зарурӣ мебозад. Барои ба мақсад расидан омӯзгорони ихтисосманд, шахсони донишманду дорои маданияти баланд, усулҳои нави таълим, технологияи навин ва албатта, китобҳо заруранд. Дар айни ҳол интернету телевизион ҷойи китобро иваз карда наметавонанд.
Агар кит обх онӣ як қисми муайяни фаъолияти ҳаёти калонс олон бошад, пас, кӯдак ба волид он пайравӣ намуда, ба кит об рӯ меорад. Чӣ қадаре ки дар хона кит об бисёр бошад, таваҷҷ уҳи наврасон ба он зиёд бошад, ҳамон қадар натиҷ аҳои баланд дар раванди таълим хубтар ба даст меояд.
Вазъи иҷтимоӣ ва шароити зисту зиндагонии оила метавонад таъсири худро ба кӯдак расонад. Аммо ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, волидон барои фарзанди худ кӯшиш менамоянд, ки муассисаҳои таълимии беҳтарро интихоб намоянд. Савол ба миён меояд, ки оё амаи падару модар барои фарзанди худ шароит фароҳам оварда метавонад? Оё ҳамаи волидайн барои тарбия намудани фарзанди худ омода аст?
Наврасон дар давраи гузариши синну солӣ бисёр ҳассос мешаванд, баъзеи онҳо руҳан азоб мекашанд, баъзеашон ба волидайни худ гӯш намедиҳанд. Қисми падару модарон дар ин давра ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардида, аз уҳдаи ин масъулият набаромада, ба кумак муҳтоҷ мешаванд. Хуб мешуд, ки барои ин гуна волидайн аз ҳисоби донишмандон, профессорон, равоншиносони варзида курсҳои омӯзишӣ ташкил гардида, маслиҳатҳои муфиду психологӣ медоданд. Чунин таҷриба дар мамлакатҳои пешрафта аллакай натиҷаи хуб дода истодааст. Масалан, Япония ва Словения дар ин кор таҷрибаи хубтар доранд.
Зимнан бояд гуфт, ки тарбия аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим муқаддамтару васеътар аст. Консепсияи миллии тарбия таҷрибаи нахустин буда, тарбияи миллии тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро дар бар мегирад. Ҳуҷҷати мазкур моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим дароварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта муайян мекунад. Мақсади асосии тарбия қисми таркибии мақсаду вазифаҳои давлат қарор мегирад, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд равона карда мешавад. Давлат чунин тартибу низомро ҷорӣ намуда, барои пешрафти кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад. Пеш аз ҳама, дуруст ба роҳ мондани сиёсати миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими таълиму тарбияи миллӣ мебошад, ки дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои онро ҳимоя намояд ва дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад. Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби нангу номуси миллӣ ва ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ бошад.
Бояд тазаккур дод, ки соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, моро водор месозад, ки мақоми таълиму тарбияро дар раванди сиёсати миллӣ, ки проблемаҳои муҳиму рӯзмарраи замони муосир ба ҳисоб меравад, мустаҳкам намоем. Чунки ин сиёсати миллӣ дар таълиму тарбияи миллӣ ва дигар арзишҳо барои рушди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши муҳим мебозад.
Санавбар САМИЗОДА,
директори Маркази хизматрасонии иҷтимоии назди
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...