Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Зинаи муайянкунандаи рушди давлат


Зинаи муайянкунандаи рушди давлат



Ҷомеаи ҷаҳонӣ 10 декабрро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ҷашн мегирад, ки ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар рост меояд. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Париж қабул гардида буд, ки имсол аз он 75 сол сипарӣ мешавад.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар барои башарият ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Он хусусияти эъломиявӣ дошта, дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби кулли одамон, ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 539 пеш аз мелод Куруши Кабир дар эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани ғуломӣ, ҳамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд.

Соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқ ва озодиҳои  инсонро эътироф, муқаррар намуда буд. Тибқи конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ маҳсуб шуда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикист он дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 аз 5 августи соли равон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифтааст .

Ҳадафҳои Стратегияи миллӣ таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян менамояд, мебошад.

Риоя ва иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, яъне волоияти қонун яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб мешавад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб мераванд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд». Ин муқаррарот сониян дар боби 2-и Конститутсияи мамлакат, ки комилан ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, кушода мегарданд.

Бо мақсади густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи инсон, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки ин ғамхории бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба халқи Тоҷикистон ва ҳар як узви ҷомеа мебошад.

Бояд қайд намуд, ки донистани қонун ва ҳуқуқҳои худ ва амал намудан аз рӯи он ба манфиати ҳар як инсон аст.

Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон ҳамеша омодааст баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, баррасии муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳӣ ва расонидани маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ёрии амалӣ расонад.

Хуршед ДАВЛАТОВ,
ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода