Пешсафон қадрдонӣ шуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 199
Матбуот аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва таблиғгари сиёсати пешгирифтаи давлат буда, барои баланд бардоштани маърифату саводнокии ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.
Имрӯзҳо дар саросари кишвар маъракаи обуна барои соли 2024 ба нашрияҳои даврӣ бо маром идома дорад. Дар идораи КФ КВД “Почати тоҷик” дар вилояти Хатлон бо иштироки масъулини шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаи корӣ оид ба натиҷагирӣ аз рафти обуна доир гардид.
Нахуст, директори “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон Сайдалӣ Мирзоев аз сохторҳои шаҳру ноҳияҳо доир ба рафти иҷрои обуна пурсиш намуда, оҳоро барои иҷрои саривақтии обуна ба нашрияҳо муваззаф намуд.
Сипас, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” – нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Н. Маъмурзода суханронӣ намуда, доир ба рафти обуна барои соли 2024 ба нашрияи мазкур ибрози назар кард. Боиси фараҳмандист, ки дар маъракаи обуна ба нашрияи “Хатлон” баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон пешсаф буда, дар рӯзҳои аввал нақшаи обунаро иҷро намудаанд.
-Аз номи ҳайати эҷодии рӯзномаи “Хатлон” ба сохторҳои “Почтаи тоҷик” дар шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаро иҷро намудаанд ва ба хонандагоне, ки ба нашрияи мо обуна шудаанд, изҳори сипос менамоем. Ин моро водор месозад, ки дар оянда барои ба нашр расонидани маводҳои ҷолибу хонданӣ кӯшиш ва талош намоем, - гуфт сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода.
Барои фаъолнокӣ ва саривақт иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияи вилоятии “Хатлон” намояндагони “ПОчтаи тоҷик” дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Фархор ва Балҷувон бо туҳфаҳои хотиравии идораи рӯзномаи “Хатлон” қадрдонӣ шуданд.
Гуфта шуд, ки идораи рӯзномаи “Хатлон” дар оянда низ масъулини дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро, ки маъракаи обунаро ба нашрия сад фисад ва саривақт иҷро мекунанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ менамояд.
Т. Толибзода, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...