Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мактаби дипломатияи Пешвои миллат


Мактаби дипломатияи Пешвои миллат



Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз кишварҳои комилҳуқуқ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Агар ба таърихи начандон дури мамлакатамон назар афканем, он бо номи яке аз фарзонафарзандони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии қавӣ дорад.


Дар айёми барои халқи Тоҷикистон тақдирсоз дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16—уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он ояндаи миллати моро ба куллӣ тағйир дод. Фарзанди фарзонаи миллат ва далеру ҷасуру кордон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди дунёи сиёсат шуда, зимоми давлатдории тоҷиконро ба дӯш гирифт. Маҳз дар ҳамин айём хатари парокандашавии давлати тозаистиқлоли мо аз байн рафта, марҳилаи нави давлатдориамон оғоз шуд. Солҳои аввали истиқлол хело душвор буд. Нахустин вазифае назди Сарвари давлат ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ меистод, ин хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезагон аз ғарибӣ буд. Маҳз садоқат ба Ватан ва миллат буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсоз нахустин суханро аз сулҳ оғоз намуд.

Аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ маълум буд, ки Тоҷикистон сарвар ва наҷотдиҳандаи худро ёфтааст. Сарвари ҷавон ва дар сиёсат ҳанӯз корнаозмудаи Тоҷикистон дар давоми на камтар аз як моҳи Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданаш, 12 декабри соли 1992 ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда, барномаи мукаммал ва мушаххасеро барои аз буҳрони сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ берун овардани Тоҷикистон пешниҳод намуда буд.

Бо талошу пофишориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳод. Ӯ шахсан дар марҳилаҳои гуфтушунид бо мухолифини тоҷик иштирок менамуд, чандин маротиба қонунҳои авфро қабул кард, раванди баргаштани гурезагон ба хонаҳояшонро шахсан роҳбарӣ менамуд, равандҳои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро назорат менамуд, Артиши Тоҷикистонро аз сифр асос гузошт ва ниҳоят дар шаҳри Москва соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки дар кишвар сулҳу осоиш ҳукмфармо гардид.

Акнун дар назди Сарвати давлат дигар вазифа меистод. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хориҷии санҷидашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо унвони “дарҳои боз” маълум аст, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми сазоворро соҳиб мебошад. Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта, бо зиёда аз 150 кишвар муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва тиҷоратӣ дошта, дар шаҳри Душанбе бошад, 50 мамлакат намояндагии дипломатии худро кушодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1992 ҳамчун иштирокчии САҲА ва аз 2 марти ҳамон сол ба узвияти СММ пазируфта шудааст.

Зарурати баланд бардоштани обрӯи байналмилалии ҷумҳурӣ ва пайдо намудани мавқеи арзандаи он дар арсаи ҷаҳонӣ дар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз дар мавқеи марказӣ қарор дошт. Тасмимҳои ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи демократӣ дар маҷмуъ ба сиёсати хориҷӣ тақвият бахшиданд. Бо шарофати сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, дар як муддати кӯтоҳ худро ба ҳайси як кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба муаррифӣ намояд.

Дар ҳақиқат, барои давлати мо бо далели ҷойгир шуданаш дар як минтақаи мураккаби олам, сиёсати “дарҳои боз” беҳтарин равиши фаъолият дар самти сиёсати хориҷист. Ин сиёсат ба маънои омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми давлатҳо дар асоси баробарӣ ва манфиатҳои дуҷониба аст.

Зарурати баланд бардоштани обрӯй ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз мавқеи марказиро ишғол менамояд. Ҳамин талабот буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал то имрӯз заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои хориҷиро мувофиқи талаботи замон ва ниёзҳои мардуми Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, онро идома дода истодааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳон нақши таъсиргузор дорад. 

Ташаббусҳои муҳтарам Пешвои миллатро ба инобат гирифта, ҳанӯз соли 2010 собиқ муовини Дабири кулли СММ Ша Тсу Кан зимни баромадаш гуфта буд: “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои глобалии во баста ба об мебошанд”. 

Гуфтаҳои ин шахсияти ҷаҳонӣ баҳои як мутахассиси соҳа, баҳои воқеии шахси беғараз ва холис нисбат ба фаъолияти ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Борҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфта, аз манфиатҳои милливу умумибашаҳрӣ ҳимоя ва ҷонибдорӣ намудаанд.

Гузашта аз ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин ҷаласаву саммитҳои созмону минтақаҳои гуногунро роҳбарӣ намудаанд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба ҳайси роҳбари давлати Тоҷикистон дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ чандин маротиба ба давлатҳои хориҷӣ сафарҳои кориву расмӣ анҷом дод, ки ҳамаи онҳо барои баланд бардоштани нуфузи тоҷикистон мусоидат намуда, чандин шартномаҳои муфид ба имзо расидаанд.

Мактаби бузурги пешбурди сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 31 сол маълуму машҳури ҷаҳон гардида, самараи дилхоҳ ба бор овардаанд. Як намунаи мактаби бузурги дипломатияи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бо унвони олии фарҳангиву сиёсии ҷомеа Пешвои асри XXI сазовор гардиданашон мебошад.

Ӯ, дар ҳақиқат, роҳнамову роҳкушо ва наҷотбахши халқи наҷиби тоҷик, бавижа ҷавонони ғаюр ва меҳанпарасти тоҷик мебошад.

Фариддун Шарифзода,
пристави суди шаҳри Бохтар,
Хурсанд Изатуллозода,
котиби маҷлиси судии суди шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода