Парчами давлатӣ - рамзи ифтихору сарҷамъии миллат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 253
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз!
Хурсандибахш аст, ки имрӯз кулли сокинони шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар як санаи муҳимми таърихӣ – 31-умин солгарди қабули Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.
Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо - сокинони шарифи вилояти Хатлонро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадонатон бахту иқбол ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.
Парчам дар ҳама давру замон рамзи давлати миллӣ дониста шудааст. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Парчами миллӣ – яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.
Пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи давлатдории тоҷиконро дорад. Достони «Коваи оҳангар»-и Ҳаким Фирдавсӣ оғози парчамдорӣ дар дунё аст ва дар осори гузаштаи дури тоҷикон аз арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ, аз рангҳои дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст.
Мутаассифона, дирафши коваёнӣ бар асари тозиши ваҳшиёнаи тозиён ба замин афтод ва то расидан ба истиқлоли давлатӣ, яъне то Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш 31-солагии он бо як тантанаи бошукуҳ арҷгузорӣ шуд, дигар барафрохта нашуд. Дар бораи сарнагунии дирафши коваёнӣ ва арзиши он Балъамӣ навиштааст: «Чун тозиён хазинаи мулуки Аҷам ғорат карданд, он дирафш пеши сарвари онҳо бимонд. Пас фармуд, то он гавҳарҳо бигшоянд ва он пӯст бисӯхтанд.» Оини дигаре, ки дар он замони бостон ривоҷ доштааст, ба мерос гузоштани дирафши шоҳону сипаҳсолорон, ғолибан шоҳ дирафши меросиро бӯсида, бо тантана ба сипаҳбади шоиста месупорид.
Мо шоҳиди он будем, ки дар Иҷлосияи сарнавишстсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лаҳзаҳои арҷгузории парчами миллӣ бо як эҳсосоти фарогир сурат гирифт. Сарвари ҷавони кишвари рӯ ба озодиву осоиштагӣ оварда Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давомдиҳандаи мероси ҳазорсолаҳои тоҷикон дар назди омма ба рағми садоқату вафодорӣ, парчами ба тозагӣ офаридаи давлати навини тоҷиконро бӯсида буд.
Таърихи парчамдорӣ баёнгари он аст, ки ниёгони сарбаланди мо шаъну шарафи дирафши коваёниро чи дар дохили кишвар, чи дар набардҳои сарнавиштсоз нигаҳбонӣ кардаанд.
Дирафши коваёнӣ ҳамеша рамзи шаъну шарафи миллияти тоҷикон ва парчамбардор будан мояи ифтихори ҷавонмардони сарбаланди корзорҳо будааст. Дар аҳди бостон аз даст додани дирафши миллӣ нангбору бешарафӣ арзёбӣ мегаштааст.
Соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва ин рамзи муқаддаси миллии мо имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар парафшонӣ мекунад ва барои дастоварду пирӯзиҳои фарзандони арзандаи миллат дар кишварҳои гуногуни олам баробари садо додани Суруди миллӣ афрохта мешавад.
Парчами давлатии мо бо се ранги худ баёнгари ҳувият, таърих ва моҳияти давлати тоҷикон ва далели возеҳи соҳибватаниву соҳибистиқлолии мо ба шумор меравад. Даҳ сол пеш, соли 2009, ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст.
Дар партави ин иқдом имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ майдонҳои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла пояҳои парчам ва нишони давлатӣ бунёд гардида, ливои озодию истиқлол партавафшон мешавад.
Давоми соли таҳсили 2022-2023, дар маҷмӯъ 93 иншооти соҳаи маориф, иборат аз 656 синфхона барои 15773 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуда, айни замон сохтмони 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 55743 ҷойи нишаст идома дорад.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 30 иншооти соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи зиёда аз 24 миллиону 641 ҳазору 670 сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.
Соли 2023 сохтмони 81 иншооти тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки 54 адади он дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ва берун аз Барномаи мазкур дар 31 адад иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Дар 10 моҳи соли 2023 нишондиҳандаи кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 23 миллиарду 655,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмуи нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди иқтисодӣ 26,3%-и ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 107 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки ҳазорон нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуданд. Ҳамчунин дар ин давра саноаткорони вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллиарду 983,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 694,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 25 миллиарду 48 миллион сомонӣ расонида шуд. Афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 19 миллиону 601 ҳазор сомонӣ (105%)-ро ташкил медиҳад.
Ҳамасола ҷавонону варзишгарони вилоят дар сатҳи байналмилалӣ музаффарият ба даст оварда, дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами давлатиро баланд мебардоранд.
Варзишгарони вилояти Хатлон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар 28 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 52 медали тилло, 45 медали нуқра, 71 медали биринҷӣ, ҳамагӣ 168 медал гардиданд ва Парчами давлатиро баланд бардоштанд.
Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар зери Парчами давлатӣ муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон ҳамеша саъю кӯшиш кунем, зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз намоем.
Хушбахтона, дар сартосари марказҳои навоҳӣ, вилоятҳо ва пойтахти кишвари азизамон Парчами давлатӣ партавафшон мебошад ва ливои (штандарти) Президенти Тоҷикистон низ ҳамчун дирафши коваёнӣ дубора барафрохта шудааст. Бояд мо ба арзишҳои миллии худ арҷ бигузорем ва ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва музаффариятҳои замони соҳибистиқлолӣ омода бошем.
Эътимоди комил дорам, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, ки поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлатдории навин мебошанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фардосозашон ҳамеша ҳамдасту ҳиссагузор хоҳанд буд.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...