Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Болоравии нарх ба фоидаи кӣ ва бар зарари кист?


Болоравии нарх ба фоидаи кӣ ва бар зарари кист?




Тӯли чанд ҳафтаи охир гароншавии нархи маводи сӯхт миёни мардум нигаронӣ ба бор оварда, сабаби гароншавии роҳкиро, молу маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум гардидааст. Ба ин чӣ боис гардид ва чаро гази моеъ гарон шуд? Ин ҳолат то ба кай идома меёбад?

Тоҷикистон маводи сӯзишвории нақлиётиро асосан аз кишварҳои Россия ва Қазоқистон ворид мекунад. Ба иттилои хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар ворид ва кашонидани маводи сӯхт беш аз 15 ширкати ватанию хориҷӣ, аз ҷумла: "Газпром нефт", "Баҳор", “Газойл”, “Суғднефт”, “Ориё”, “Роҳи Сомон”, “Се ганҷ” ва боз чанд ширкати дигар даст доранд. Дар ҳоле ки тахминан ду моҳ пеш дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ арзиши як литр гази моеъ 3,8 – 4,2 сомонӣ фурӯхта мешуд, акнун қимати ин навъи маводи сӯзишворӣ ба 7,9 - 8,5 сомонӣ расидааст. Ҳатто дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ёфтани гази моеъ душвор гаштааст.

Ронандагон иддао доранд, ки барои гирифтани гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навбатпоӣ мекунанд.

АРЗИШИ ГАЗ БОЛО РАФТ, РОҲКИРО НИЗ ГАРОН ШУД?

Баланд шудани қимати гази моеъ, арзиши роҳкирои баъзе хатсайрҳои мусфиркашонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро низ тағйир дод. Аз ин ҷост, ки ҳамарӯза миёни мусофирону ронандаҳо бо сабаби баланд шудани нархи роҳкиро баҳсу нофаҳмиҳои зиёд сар мезанад, вале бенатиҷа.

Фирӯз Ҳамдамов, ронандаи мусофирбари дохили шаҳри Бохтар, зимни суҳбат гуфт: "Бо гарон шудани нархи гази моеъ, арзиши роҳкироро низ тағйир додем. Мусофиронро мефаҳмонем, ки роҳкирои дохили шаҳр 4 сомонӣ аст. Баъзеи онҳо хомӯшона менишинанд, иддаи дигар бошад, ҷанҷол бардошта “моро ба 3 сомонӣ баред” мегӯянд”. “Газ қимат шуда бошад, ин мушкилии шумост”. Барои мо-ронандаҳо, аз нархи қаблӣ кашонидани мусофирон ҳеҷ фоидае намемонад. Дар ин сурат маҷбур мешавем, ки аз субҳ то шом барои ҷайби фурӯшандаҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ кор кунем".

МУТАХАССИС ЧӢ МЕГӮЯД?

Ҳоло коршиносон сабаби боло рафтании нархи гази моеъро ба давлатҳои содиркунанда: Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия нисбат медиҳанд. Зафар Наҷотов, сармутахассиси Раёсати танзими хисороти кадрии зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни як суҳбати телефонӣ ба рӯзномаи "Хатлон" як омили болоравии нархи гази моеъро чунин шарҳ дод: "Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Қазоқистон эълон кардааст, ки коркард ва истеҳсоли гази моеъ дар ҷумҳурӣ бар зарари ширкатҳои истеҳсолкунанда мебошад ва боз илова намуд, ки бо ин нарх хароҷотҳояшонро бароварда наметавонанд. Вазорати болозикр тасмим гирифтааст, ки дар давоми се сол марҳила ба марҳила нархи гази моеъро баланд бардорад. Ба хотири ҷуброн кардани зарари ширкатҳои истехсолкунандаи нафт".

Ҳамзамон, дар идомаи суҳбат сабаби якбора болоравии нархи бензинро низ чунин шаҳр дод: "Аз сабаби ба ҷумҳурӣ кам ворид шудани гази моеъ аксари ронандаҳо якбора ба истифодаи бензин гузаштанд, аз ин лиҳоз талабот ба ин навъи маводи сӯхт бештар гардида, нархаш каме боло рафт".

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар давоми 9 моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷ ба миқдори 98,88 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки ин талаботи дохилиро қонеъ намекунонад.

ГАРОНИИ НАРХ БА ҶАЙБИ КӢ ЗАРБА МЕЗАНАД?

Воқеан, дар чунин вазъ зарба ба ҷайби мусофирон мезанад, на ба ронандаҳо. Зеро ронанда ҳамагуна хароҷот ва ҳатто даромадашро аз мусофирон бар ивази пули роҳкиро ҷуброн мекунад. "Тахминан ду ҳафта мешавад, ки ман бо нархи 4 сомонӣ дар дохили шаҳр равуо дорам. Масофаи муассисаи таълимӣ аз хона хеле дур аст. Барои сари вақт ба дарс расиданам аз нақлиёт истифода мебарам. Қаблан дар ду ҳафта 84 сомонӣ барои роҳкиро харҷ мекардам, ҳоло бошад, ба 112 сомонӣ дакка хӯрдааст. Дар натиҷа, дар давоми ду ҳафта 28 сомониро аз буҷаи оила кам кардам", -мегӯяд Бенёмин Ҷӯраев, донишҷӯ коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар.

Ёдовар мешавем, ки гази моеъ яке аз сӯзишвориҳои асосии нақлиёти автомобилии Тоҷикистон аст. Ба назари ронандаҳо, истифодаи гази моеъ як роҳи камхарҷ барои воситаҳои нақлиётӣ мебошад. Ба иттилои масъулони шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон беш аз 118 ҳазор автомобил ба қайд гирифта шудааст, ки тибқи маълумотҳои расмӣ, беш аз нисфи ронандагон аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Фаъолияти бонизоми тамоми соҳаҳои иқтисод ва некуаҳволии мардуми кишвар аз интиқол ва дастрасии маводи сӯхт вобаста аст.

Ҳамагон мушоҳида кардаанд, ки болоравии нархи он ногузир ба болоравии арзиши ҳамлу нақл ва гаронии маҳсулот дар бозорҳо меоварад. Масъулин бошанд, сабабҳои ин вазъро ба гаронии нарх дар давлатҳои содироткунанда пайванд медиҳанд.

Оё мо метавонем аз ин вазъи мураккаб ҷилавгирӣ кунем? Ин суол аз ҷониби масъулон  посухи қаноатбахшро интизор аст.

Абдулло РИОЕВ,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода