Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ф. Шарифӣ: “Ба ғизои мактабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ мебояд”


Ф. Шарифӣ: “Ба ғизои мактабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ мебояд”




Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ баргузор гардид.


Ҷаласаи шуроро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба корҳои анҷомшуда дар самти татбиқи Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022-2027, таъмини ғизои босифат дар муассисаҳои алоҳидаи таълимии вилоят, дастгирию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба солимию таъмини амнияти озуқаворӣ сухан гуфт.


Қайд гардид, ки “амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим” ҳадафи семи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Муҳимияти ин масъаларо ба назар гирифта, масъалаи амнияти озуқа ва ғизои солим ҳамчун самти афзалиятнок дар “Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” дарҷ гардидааст.


- Мақсад ва вазифаҳои асосии барномаи мазкур ин барқарор намудани ошхонаҳои мактабӣ, таъмини устувори маблағгузории ғизои мактабӣ ва беҳтар наудани саломатӣ, азхудкунии дарсҳои мактаббачагон мебошад, - идома дод Ф. Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон. - Барнома марҳила ба марҳила ба васеъкунии системаи ғизои мактабии муассисаҳои таълимӣ вобаста аз имкониятҳои иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад. Дар натиҷаи амалисозии барномаи мазкур давомот ва азхудкунии дарсҳо аз тарафи мактаббачагон беҳтар гардида, бемориҳои музмини узвҳои ҳозима (меъдаю рӯда) пешгирӣ карда мешаванд. Инчунин, баҳри пешгирӣ намудани норасоии ғизоӣ (қадпастӣ ва камвазнӣ) мусоидат хоҳад намуд.

Агар cоли 2014 ҳамагӣ 21 фоизи хонандагони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ бо ғизои мактабӣ фаро гирифта шуда бошанд, соли 2022 он ба 45,5% расидааст ва таъминоти он бо дастгирии шарикони асосии байналмилалӣ оид ба рушд, Асотсиатсияҳои волидайн ва мураббиён амалӣ шуда истодааст.



Дар идомаи ҷаласаи шуро як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни иҷрои барнома суханронӣ намуданд. Аз ҷумла муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Дилшод Сафарзода доир ба вазъи ташкили ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон: ҳолат, мушкилот ва дурнамо, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев оид ба рафти амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи Барнома, намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Шуҳрат Обидҷонов доир ба амалишавии Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон гузоришҳо доданд.

Зикр шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ барои амалишавии Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.


Иштирокчиён ҳадафи барномаро шарҳ дода, таъкид намуданд, ки ғизои солим асоси саломатии инсон ба шумор меравад. Вайроншавии низоми ғизо, ки ба омилҳои истеъмоли ғизо ва бемориҳои вобаста ба хӯрок алоқаманд мебошад, барои тандурустии ҷамъиятӣ мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.


- Бо таъмини ғизои солим мо метавонем ба инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва баланд бардоштани масунияти кӯдак таъсир расонем, - зикр кард Ш. Раҳматуллоев, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. - Тадқиқоти илмие, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки мутаассифона, имрӯз дар миёни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан кӯдакон ва наврасон шумораи зиёди бемориҳои камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида карда мешавад. Албатта, ҳамаи ин аз таъсири норасоии ҳамон микроэлементҳое, ки дар таркиби ғизо мавҷуданд, ба миён меоянд.

Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти ташкил, бехатарӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои босифат якчанд қонун, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрока», Стратегияи фаъолияти ҷисмонӣ ва ғизо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғанигардонидашуда» ба тасвиб расонида шуданд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар ҷаласа зикр намуд, ки ҳадафи давлату Ҳукумат аз қабули Барномаи рушди ғизои мактабӣ бо ғизои солим таъмин намудани хонандагони мактаб ва ба ин васила солиму неруманд ба камол расонидани онҳо мебошад.


«Вақтҳои охир дар назди мактабҳо мағозаву дуконҳои хӯрокҳои тезтайёр бисёр шудаанд, ки аз онҳо мактаббачаҳо нӯшокиҳои газнок, инчунин хӯрокҳои ба саломатии онҳо зарароварро харида истеъмол мекунанд. Мақсади мо кам кардани чунин дуконҳо дар назди мактабҳо мебошад, то ки дар оянда кӯдакони мо аз хӯроки гарму нӯшокиҳои безарар истеъмол кунанд», - таъкид намуд Ф. Шарифӣ.


Ҳангомаи ИСМАТ, РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода